МУВАФФАҚИЯТОмина дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз соҳибони забон...

Омина дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз соҳибони забон пеш гузашт

-

Омина Худоиқулова

Омина Худоиқулова, хонадаи синфи 8- и Литсейи давлатии №1- и ноҳияи Восеъ дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE, ки фосилавӣ баргузор гардид, мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд.

Омина Худоиқулова чаҳор сол қабл ба омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ  шурӯъ кард:
Хушбахтона, имрӯз заҳматҳоям самар овард. Аз миёни чанд давлати хориҷӣ ман як духтари деҳотӣ ва аз Тоҷикистон ғолиб омада, соҳиби медали тилло гардидам. Ин ифтихори ману хонавода ва тамоми устодонам мебошад.”,-мегӯяд О. Худоиқулова.

Даври финалии Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар Донишгоҳи Брунели Лондон баргузор мегардад. Ҳадаф аз барузории ин олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, иштирокчиёне, ки дар ҳама даврҳои олимпиада ғолиб меоянд, тибқи низомномаи озмун дар 12 донишгоҳи бонуфӯзи Англия роҳхат ба даст меоранд ва метавонанд ройгон таҳсил намоянд.

Иззатулло Худоиқулов, падари Омина мегӯяд, ин аввалин ғолибияти духтараш дар олимпиадаи фаннии сатҳи байналмилалӣ аст, ки онҳоро дар ҳайрат гузоштааст. Бовар надошт, ки духтараш ҷойи аввал ва медали тиллоро соҳиб мешавад.

Соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фани забони англисӣ мақоми аввалро соҳиб гардида буд.

“Омина бародар дорад, вале хоҳар не. Бештар худомӯзӣ мекунад, 12 сол дошт ва ба ман пешниҳод кард, ки ӯро ба назди омӯзгори фанни забони англисӣ барам, то ин забонро омӯзад. Ман шароити хонаданро барояш фароҳам овардам, худаш талош кард. Хушбахтона, имрӯз натиҷаи заҳматҳояш моро хурсанд мекунад.”,- бо қаноатмандӣ мегӯяд падари Омина.

Ҷамолиддин Фатоев, устоди Омина Худоиқулова аз ғолиб омадани шогирдаш дар олимпиадаи байналмилалӣ мефахрад.

Ҳамеша тариқи интернет эълони олимпиада ва озмунҳои фанниро ҷустуҷӯ карда, ба шогирдонаш пешниҳод мекунад.

“Вақте эълонро ба хонандаҳо пешниҳод кардам, Омина ҷуръат намуда гуфт, ки иштирок мекунад. Омина 5 сол дар назди ман забони англисиро омӯхтааст ва то ҳол идома медиҳад. Дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҳато ҷумҳуриявӣ низ ҷойи аввалро ишғол кардааст. Вале ин аввалин ғолибияташ дар олимпиадаи сатҳи байналмилалист.”,- иттилоъ дод Ҷамолиддин Фатоев.

Омина Худоиқулова ба даври финалии олимпиада омодагӣ мебинад. Ҳар рӯз баъди дарс ба китобхонаи мактаб рафта, китобҳои мухталифи англисиро бештар мутолиа мекунад. Инчунин, дар назди муаллими фанни забони англисӣ низ маҳорати суханвариро такмил дода истодааст.

«Феълан қиссаву ҳикояҳое, ки бо забони англисӣ навишта шудаанд, хонда истодаам. Ҳар рӯз бо ҳамсабақон ва устодам бо забони англисӣ дар муошират ҳастам то дар даври ниҳоӣ ғолиб омада, парчами кишвари азизамро дар миёни дигар давлатҳо баланд бардорам. Ҳадафи ягонаам ҳамин аст.»,- таъкид намуд Омина Худоиқулова.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
10
+1
5
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

Бо баҳонаи аз барномаҳои таълимӣ хориҷ кардани маводҳое, ки ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд, Вазорати маорифи Миср  як қатор дарсҳои...

Ширкатҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз қарорҳои бар асоси зеҳни сунъиро ба истифодаи саноатӣ тақрибан ду баробар бештар аз ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳои...

Ширкатҳои минтақа ба шарофати таҷрибаҳои нав ва сатҳи баланди рақамикунонӣ истифодаи зеҳни сунъиро дар тиҷорат босуръат густариш медиҳанд, аммо...

10 ҳазор ташхиси ВНМО, беш аз 4 миллион вояи ваксина ва 78 миллион доллар сармоягузорӣ: мероси 35-солаи ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ

Дар 35 соли муносибатҳои дипломатӣ Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногун густариш додаанд. Яке аз...

Шавҳарашро аз муҳоҷират баргардонд. Қиссаи бонуи занбӯриасалпарвар

Зулфиза Қобилова дар гармии тоқатфарсои Айвоҷ бо меҳнату сабурӣ аз ду қуттии хурди занбӯр як кори хонаводагии даромаднок сохт. Замоне...
spot_imgspot_img

Тадқиқоти нав: Meta ба ҳисоби миёна 25 аз 35 навъи эҳтимолии маълумотро ҷамъоварӣ мекунанд

Тадқиқоти нави Surfshark нишон медиҳад, ки барномаҳои ширкати Meta метавонанд нисбат ба дигар бузургҷуссаҳои соҳаи технология маълумоти бештари корбаронро...

Пиразан сармояи ночизи худро барои роҳсозӣ харҷ кардан хост

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ аз як ҳодисаи таъсирбахш ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ, нишондиҳандаи...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад