ҲАЁТИ СОЛИМВақте эҳсосот инсонро идора мекунад

Вақте эҳсосот инсонро идора мекунад

-

Ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола беш аз 700 ҳазор қурбонии “ҳиссиёт”- и худ гардида, даст ба худкушӣ мезананд.

Агарчи аз ҷониби ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ ва дигар ниҳод ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад, аммо тамоюли худкушӣ коҳиш намеёбад. Таҳлилгарон бар он назаранд, ки ҳеҷ гоҳ нишонаҳои худкушӣ аз байн намеравад, вале омор метавонад кам гардад.

Сабоҳати Рустам

Ба иттилои Сабоҳати Рустам, сардори шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки 47 ҳолат камтар нисбат ба соли 2020 мебошад. Сабабҳои асосии ин ҳодисаҳоро ӯ хушунати оилавӣ, муддати тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доштани ҳамсарону падарон ва вазъияти ноустувори моддӣ номбар кард. Коршиносон сабабу омилҳои асосиии худкуширо ба чунин омилҳо вобаста медонанд: Омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, психологӣ.

Маҳмадулло Давлатов. Акс аз Радиои Озодӣ

Ба андешаи равоншинос Маҳмадулло Давлатов омилҳои гуногуни психологӣ вуҷуд доранд, ки ин ё он шахсро ба дунёбезорӣ таҳрик медиҳанд. Яке аз ин сабабҳо фазои носолими оилавист.

“Вақте як низоми муносибати оилавӣ ба ҳолати буҳронӣ меафтад дар ин ҳолат аксар маврид аъзои оила тоб оварда наметавонад. Ҳангоме, ки инсон ба ҳолати эмотсионалӣ гирифтор мешавад ё ин ки гирифтори ҳолатҳои сахти руҳӣ мегардад он гоҳ роҳбалади инсон ҳисиётҳо мешаванд. Дар сурати таҳлили авзои худ шахс ба хулосае меояд, ки ба ман ин хел зиндагӣ лозим нест. Ҳар рӯз моҷҷаро, таҳқир, зуроварӣ. Аз ин рӯ бо роҳбаладии ҳиссиётҳо сӯи дунёбезорӣ майл мекунад.”,- мегуяд Давлатов.
Ба бовари Алишер Эсанов, табиб ва роҳбари муассисаи тиббии шаҳри Турсунзода байни шахсоне, ки қасди худкушӣ кардаанд, аз 70% то 75% – и онҳо бо ҳар роҳе ақидаҳои худро ошкор намуданд ва ин ишораҳо барои атрофиён назарнорас буданд:

“Бисёр муҳим мебошад, ки аз 70% то 75% ҳиссаи шахсони ба худкушӣ даст зада, дар ҳафтаҳо ва моҳҳои наздики пеш аз воқеа, бо ҳар баҳонае ба назди наздикону табибон ва кормандони ҳифзи иҷтимоии худ мераванд. Онҳо дар ҷустуҷӯи сухан гуфтан, яъне дарди дил иброз кардан мебошанд. Бо вуҷуди ин кормандони иҷтимоӣ, табибон ва оила диққати мушаххасро барои дарки руҳияи пароканда харҷ намекунанд.”, -нигаронӣ менамояд ин табиб.

Ҳусейн Шокиров. Акс аз Радиои Озодӣ

Аз нигоҳ дин худкушӣ гуноҳи азим дониста мешавад. Намояндани Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Ҳусейн Шокиров мегӯяд, хӯдкушӣ аз назари дин хусусан дини ислом ҳаром буда, намояндагони ин дин ва дигар адён низ ҳатто ҷанозаи одамони худкушикардаро намехонанд ва ҷасади чунин одамонро дар канори қабристонҳои умумӣ ба хок месупоранд.
Дар ҳамин ҳол сардори шуъбаи Кумитаи кор бо занон ва оила таъкид мекунад, ки аз ҷониби намояндагони кумитаи мазкур дар аксар шаҳру навоҳии кишвар корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешаванд то аз чунин ҳодисаҳои нохӯш то ҳадде пешгирӣ намоянд.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, тӯли 20 сол аз соли 2000 то 2019, сатҳи худкушӣ дар минтақаи Баҳри Миёназамини Шарқӣ 17%, дар минтақаи Аврупо 47% ва дар минтақаи Ғарби Уқёнуси Ором 49% коҳиш ёфтааст.  Бо вуҷуди ин, дар минтақаи Амрико, сатҳи худкушӣ дар ҳамин давра 17% афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мардон нисбат ба занон ду маротиба бештар худкушӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол дар як изҳороти дигари Созмони мазкур омадааст, ки бояд то соли 2030 сеяки сатҳи худкушии ҷаҳонӣ коҳиш дода шавад. “Пешгирӣ аз худкушӣ дар баъзе кишварҳо як авлавият эълон шудааст, аммо дар бисёре аз кишварҳо то ҳол ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ намедиҳад. То ҳол танҳо 38 кишвар стратегияи миллии пешгирии худкушӣ доранд”,-омадааст дар изҳороти СУТ.
Созмони байналмилалии муҳоҷират гузоришеро нашр кардааст, ки бар асоси он Гайана, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Шриланка, Литва, Суринам, Мозамбик, Танзания, Непал, Қазоқистон ва Бурунди дар қатори даҳ кишвари баландтарин аз ҷиҳати худкушӣ қарор доранд. Созмони мазкур сабабҳои асосии ин зуҳуротро ҳама гуна фишорҳои иҷтимоӣ, нақзи ҳуқуқи башар ва мушкилоти оилавӣ арзёбӣ намудааст. Тоҷикистон дар миёни далатҳои ҷаҳон аз ҳисоби “худкушӣ” ҷойи 167-умро ишғол мекунад.

Муаллиф: Баҳруллои Маҳмадшариф 
Акси асосӣ дар матлаб аз сомонаи https://rdp1.medgis.ru/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад