МУВАФФАҚИЯТҶавонон аз истифодаи интернет даст намекашанд? (Пурсиш)

Ҷавонон аз истифодаи интернет даст намекашанд? (Пурсиш)

-

Дар миёни иду ҷашнҳо идҳои ғайриоддӣ низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, Рӯзи бидуни Интернет, ки ҳар сол якшанбеи охири моҳи январ таҷлил мешавад.

Ҳадафи асосии ин ҷашн ҳадди аққал як рӯзи комил дур кардани одамон аз компютер ва шабакаи ҷаҳонии интернет аст то дар ин рӯз одамон дар ҷаҳони «воқеӣ» зиндагӣ кунанд, бо одамони дигар «зинда» муошират намоянд ё инки рӯзро ба худ бахшанд.

Ин ҷашн аз авоили солҳои 2000-ум маншаъ мегирад ва ба гуфтаи бархе аз манобеъ, Пажӯҳишгоҳи ихтироъҳои иҷтимоии Бритониё мубтакири таъсиси он ва ба гуфтаи бархеи дигар, тарҳи интернетии ғайритиҷоратии DoBe.org буд.

Табиби амрикоӣ А.Голдберг дар соли 1995 аввалин шуда вобастагии интернетро ҳамчун бемории рӯҳӣ тавсиф кард. Тибби расмӣ то ҳол онро эътироф накардааст.

Ба гуфтаи коршиносон, 6% корбарон дар саросари ҷаҳон аз ин патоложӣ азият мекашанд. Қисми бештари он (10,9%) дар кишварҳои Шарқи Наздик ҷойгир аст. Дар Аврупои Шимолӣ ва Ғарбӣ — камтарин ҳиссаи (2,6%).

Аммо имрӯзҳо ҳаётро бе интернет тасаввур кардан душвор аст. Албатта, қисме аз одамон дар саросари ҷаҳон бидуни дастрасӣ ба интернет ба воя мерасанд, аммо барои аксарият он як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёт шудааст.

Интернет тасаввуроти фарҳангии моро дар бораи сабр ба таври назаррас тағйир дод. Бе интернет, мо лаззатеро, ки ҳангоми пайдо кардани он чизе, ки меҷӯем, аз даст медиҳем: мо зуд ҷавобҳоро дар интернет пайдо мекунем ва маҳсулоти дилхоҳамонро дар муддати кӯтоҳ ба даст меорем. Ҳамин тавр, бо пайдоиши интернет, сабр амалан аз байн рафт.)))

Дар як пурсиш аз ҷавонон суол намудем, ки аз истифода интернет метавонанд даст кашанд, посӯхи аксарият чунин буд, ки ба ин кор омода нестанд:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад