МУВАФФАҚИЯТЧаро дастаи бонувон дар Чемпионати CAFA шикаст хӯрд?

Чаро дастаи бонувон дар Чемпионати CAFA шикаст хӯрд?

-

Дастаи бонувони тоҷикистонӣ дар бозии охири хеш низ бо дастаи эронӣ ба ҳисоби калон мағлуб шуд.

Дар Дар Чемпионати CAFA оид ба футзал миёни бонувон, ки аз 21 — 28 январ дар Душанбе идома кард, дастаи бонувони тоҷикистонӣ 1  мусовӣ ва  5 бохт доштанд. Ба ин минвол, онҳо аз нишони биринҷии мусобиқаи CAFA бенасиб монданд.

Сабаби бохти пайи ҳами дастаи бонувони кишвар  камтаҷрибагии бозингарон унвон мешавад. Онҳо танҳо тайи 10 рӯзи охир ба ин мусобиқа омода шудаанд. Инчунин аксарияти футболобозон аз футболи калон ба футзал ҷалб гардида, бозиашон натиҷаи дилхоҳ наовард.

Дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дастаҳои бонувони Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзида истодаанд.Чемпионати нахустини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал миёни дастаҳои бонувон аз рӯи системаи даврӣ дар ду давр  баргузор гардида ҳар як кишвар 6 бозӣ анҷом дод.

Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмаии варзишии  пойтахт доир гардид. Тими футзали кишвари мо  зери роҳбарии Шамшод Ниятбеков ба ин мусобиқа омода шудааст. Дар даври аввал тими футзали кишвар бо хубони қирғиз бозиро мусовӣ (1:1) анҷом доданд. Баъди мусовӣ бо қирғизҳо Тоҷикистон дар бозӣ бо Эрон бо натиҷаи 12:0 мағлуб шуд.  Сипас дар ду бозии  дигар бо  яккачини Ӯзбекистон  аввалӣ 8:1 ва баъдӣ 5:0 мувоҷеҳи шикаст шуд. Дар даври 5 –уми бозиҳо тими мунтахаби футзали кишвар бо дастаи Қирғизистон дидор анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ бонувони қирғизистонӣ бо натиҷаи 4:1 зафар ёфта, имконияти ба даст овардани нишони биринҷиро соҳиб гардиданд. Ҳамакнун пас анҷоми бозиҳо дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон ба дарвозаи худ 39  гол сар дода, се  гол ба самар расонидааст ва бо доштани як имтиёз дар зинаи охири  ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст.

Дар Чемпионати CAFA дастаи бонувони эронӣ бо ба даст овардани 16 хол Ҷоми мусобиқаро cоҳиб шуд.

 Фаридун Сафарзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад