МУВАФФАҚИЯТЧаро китобҳои Некрӯзшоҳ нашр намешаванд?

Чаро китобҳои Некрӯзшоҳ нашр намешаванд?

-

Некрӯзшоҳ Назришоҳ. Аксҳо аз қаҳрамон

Дар кишварҳое, ки интернет рушд кардааст, теъдоди ҷавонони ангезадиҳанда зиёд аст. Онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо шеваҳои мухталиф ҳамсолонашонро ба китобхониву муваффақ шудан талқин мекунанд, китоб менависанд ва аз таҷрибаву иштибоҳҳо худу замони худ мегӯянд.

Дар мо ин ҳолатҳо кам мушоҳида мешаванд. Қаҳрамони мо аз ангуштшумор ҷавононест, ки барои ҳамсолонаш донишу ҷаҳонбиниашро қисмат мекунад, китобҳои ангезадиҳанда менависаду мефурӯшад, абзорҳои нави шабакаҳои иҷтимоиро омӯхта, ба дигарон низ меомӯзонад.

Некрӯзшоҳ Назришоҳ, маъруф ба тахаллуси Шоҳ худро суханвар, ангезадиҳанда, блогер, SMM муаррифӣ мекунад.

Некрӯзшоҳ 23 сол дошта, дар инстаграм се саҳифаро мудирият мекунад. Ӯ Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистонро бо ихтисоси барномасоз хатм кардааст.

Ӯ муаллифи се китоб:  “Изо накаш”, “Устои арус” ва “Анти-манипулятсия” буда нусхаҳои электронии онро ба фурӯш гузоштааст: “Мақсади ман аз китобнависию китобфурӯшӣ пул кор кардан нест, балки ба мефаҳмонам, ки барои донишро ба даст овардан бояд пул сарф кард. Аз ҷониби дигар, ман ҳамаи пулҳои ба даст овардаамро ба таблиғи китобҳоям сарф мекунам.”

Масхусияти китобҳои ӯ дар он аст, ки бо забони адабӣ нестанд ва танҳо дар шакли электронӣ ба дасти хонандаи худ мерасанд. “Бо забони адабӣ нанавиштанам ба ин маъно нест, ки забони тоҷикиро намедонам, балки аудиторияи ман, ки аз 18 то 24-сола ҳастанд, махсус бо забони тоҷикӣ наметавон китобхон кард. Ман китобҳоямро барои ҳамсолонам менависам ва мехоҳам онҳо ҳар он чизе ман медонам ва фаҳмидаам, бидонанду фаҳманд.”

Забони китобҳои Некрӯзшоҳ бо он шеваест, ки аксарияти ҷавонон бо ҳамдигар суҳбат мекунанд.

Муҳтавои китобҳояш додани ангеза ва рушди шахсист. “Ман китобҳои ангезидаҳанда ва худинкишофдиҳиро зиёд мутолиа кардаам, дар доираи чунин мавзӯҳо ҳоло ба китобнависӣ оғоз кардам. Ман медонам, ки ҳоло ҷавонон китобҳоямро мехонанд ва ин гуна китобҳо барои онҳо як роҳнамост.”, — меафзояд ӯ.

Ба қавли Некрӯзшоҳ, се омил боис гардидааст, ки китобҳояшро чопӣ нашр намекунад. Якум, ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки бо ин шева (забони кӯча) нашр кунад. Дуюм, барои нашри китоб пули зиёд лозим аст. Сеюм, аудиторияӣ барои харид ва хондани китобҳои чопӣ омода нестанд.

Некрӯзшоҳ дар Инстаграм саҳифаи “Инста-навигарӣ” дорад, ки дар он ба ҷавонон доир ба навигариҳои Инстаграму Тик Ток маълумот медиҳад. Мақсадаш ин аст, ки ҷавон дар бораи навгониҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти кофӣ дошта бошанду фирефтаи дигарон нагарданд.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
78
+1
19
+1
5
+1
7
+1
5
+1
0
+1
9

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад