НАВИДТағйироти кадрӣ дар Суғд: 24-сола масъули Хадамоти меҳнат ва...

Тағйироти кадрӣ дар Суғд: 24-сола масъули Хадамоти меҳнат ва муҳоҷират

-

Камолзода Саид Олим, сардори Раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд таъйин гардидааст. Ин ҷавони 24-соларо ахиран вазири меҳнат ва муҳоҷират ба ин маснад таъин намуд.
«Дар ҷаласа Алишер Ализода, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират, Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти вазорат ва Анвар Яъқубӣ муовини раиси вилояти Суғд иштирок намуда, Камолзода Саид Олимро расман сардори нави Раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷирати вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд муаррифӣ карданд.», – хабар додааст Диловар Муродов, сармуттахасиси ин идора ба расонаҳо.
Саид Камолзода  соли 1997 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 2018 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси менеҷмент хатм намудааст. Солҳои 2015 – 2019 ба ҳайси муовини роҳбари ширкати “Манора -2014”, соли 2019 муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ғафурови Суғд ва соли 2020 дар вазифаҳои мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад