НАВИДҚоидаи нав дар ҷудо: агар иҷро накунанд, ҷазо мегиранд

Қоидаи нав дар ҷудо: агар иҷро накунанд, ҷазо мегиранд

-

«Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) маҷмӯи қоидаҳои навро эълон кард, ки ба ҳифзи варзишгарон ва “модернсозии” ин намуди варзиш дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 кӯмак хоҳад кард.»-хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Тағйироти баҳсноктарин ба амали “сеои наге” илова шуд, ки дигар он ҳаракати оддӣ нахоҳад буд ва иҷрои он ба ҷазои ҷудочӣ оварда мерасонад.
Дар ин амал, ки аз ҷониби Ҷой Мин Ҳо аз Кореяи Ҷанубӣ, чемпиони олимпӣ маъмул шудааст, дида мешавад, ки ҳариф рақибашро пеш аз гардиш гирифта, ба пушт мепартояд.
Дигар тағйироти қоидаҳо варзишгаронеро дар бар мегиранд, ки агар онҳо ҷудогӣ ё мӯйи худро зиёда аз як маврид танзим кунанд, шидо мегиранд.
Бо сар ҳамчун шиновар ҳуҷум кардан ҳамчун як амали хатарнок ҳисобида мешавад ва ҷудочӣ барои содир кардани ин амал аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум мешавад, ҳамчунин варзишгарон дар сурати ба қафо афтидан ду оринҷ ё дастонашонро ба замин монанд, ҷазо дода мешаванд.
Ба қоидаҳо оид ба қапидани ҳариф низ тағйирот ворид карда шуд.
Владимир Барта, сармутахассиси варзиши IJF гуфт, ки ҳадафи ин қоидаҳо ҳифзи варзишгарон мебошад.
«Мо аз федератсияҳои миллӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қоидаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳо гирифтем. Қоидаҳои нав аз аввали соли 2022 эътибор пайдо мекунанд ва то соли 2024 амал мекунанд», — гуфтааст Барта.
Қоидаҳои нав дар Гран Прии Одивелас, ки қарор аст аз 28 то 30 январ дар Португалия баргузор гардад, ҷорӣ карда хоҳанд шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад