ҲАЁТИ СОЛИМЭрон бо истифода аз дрону мушакҳои баллистикӣ ба...

Эрон бо истифода аз дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад

-

Эрон шоми 21 ноябр бо истифодаи дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад. Дар ин ҷо қароргоҳи Флоти панҷуми Нерӯи баҳрии ИМА ҷойгир аст. Хабаргузории нимарасмии Форс навиштааст, ки низомиёни эронӣ ба чор пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн ҳамла кардаанд. Аз ҷумла «Шайх Исо» ва «Ҷуффайр» номбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Баҳрайн хабар доданд, ки низоми мудофиаи ҳавоии онҳо зарбаҳои эрониро рафъ кардааст. Низомиёни амрикоӣ дар ҳафтаҳои охир мунтазам ба иншооти низомии эронӣ зарба мезананд.

21 ноябр дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз се нафтбар мавриди ҳамла қарор гирифт.  Маркази амнияти баҳрии низомии Британия (UKMTO) хабар додааст, ки субҳи барвақти рӯзи шанбе ба ду нафтбаре, ки аз Халиҷи Форс тавассути гулӯгоҳ мегузаштанд, ҳамла шуд. 

Нерӯи баҳрии Эрон дар эъломияе, ки расонаҳои давлатӣ пахш карданд, гуфт, ки яке аз нафтбар дар шарқи гулӯгоҳ ба минаи баҳрӣ бархӯрда ва оташ гирифтааст. Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Эрон рӯз 21 ноябр бори дигар ба Амрико ҳушдор додааст, ки ҳар гуна зарба ба Эрон бо «посухи қатъӣ ва фаврӣ» рӯ ба рӯ мешавад, зеро «мо назар ба гузашта хеле қавитар ҳастем».

Дар назди ҷазираи Хорг беш аз 14 нафтбари эронӣ барои шикастани муҳосираи низомии амрикоӣ дар рӯзҳои наздик омодагӣ мебинанд Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон хабар додааст, ки Теҳрон ба Иёлоти Муттаҳида дар бораи баромадани корвони эронӣ ба баҳр ҳушдор додааст. Институти омӯзиши ҷанг дар Вашингтон уфтааст, «кӯшишҳои Эрон барои шикастани муҳосира Иёлоти Муттаҳидаро бо як қатор дилеммаҳо рӯ ба рӯ мекунад: ё шикасти муҳосира, ё бозгашт ба ҷанг, ки барои ИМА хароҷоти номатлуби сиёсӣ эҷод карда, муносибатҳои онро бо иттифоқчиёнаш дар Халиҷи Форс печида мекунад».

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР: ҳакерҳо ба маълумот дастрасӣ пайдо кардаанд

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки эҳтимолан ҳакерҳо ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) ворид шуда, ба маълумоти он...

Ҳуши маснӯӣ ва яке аз муаммоҳои бузурги риёзиёт

Риёзидон Левент Алпёге изҳор доштааст, ки бо ёрии чат-боти Claude тавонистааст исботи яке аз ҳафт масъалаи Ҳазорсолаи математика -...

Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифтааст, ки 2 миллиард бех дарахт шинонад

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ платформаи минтақавии инноватсияҳои сабз таъсис дода шавад. Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалби...

Сардори Хадамоти алоқа: муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намоянд!

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» боздид карда, бо вазъи шабакаҳо, сифати...
spot_imgspot_img

Хотираи чашмаҳои хушкшуда

Набиҷони Саидаброр ҳамагӣ 26 сол дорад, вале чашмаҳоеро, ки дар деҳаи Садбарго хушк шуданд, ба ёд оварда метавонад. Замоне...

Навсозии номуваффақи Apple дар пасманзари як қатор қатъшавиҳои бузурги хизматрасониҳо дар рӯзҳои охир боис шуд

Пас аз насби навсозӣ аз ҷониби Apple, як қатор хизматрасониҳои он дар интернет ба таври васеъ аз кор монданд....
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад