ҲАЁТИ СОЛИМТоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барномаи муштараки мубориза бо тағйирёбии...

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барномаи муштараки мубориза бо тағйирёбии иқлимро оғоз карданд

-

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барномаи минтақавии «Манзараҳои устувори иқлимии Осиёи Марказӣ» (CLiCA)-ро оғоз карданд. Ҳадафи он барқарорсозии экосистемаҳои осебдида, ҳифзи захираҳои об ва баланд бардоштани устувории ҷамоатҳои маҳаллӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим мебошад.

Дар ин бора зимни чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози расмии барнома, ки дар ҳошияи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор шуд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим, барқарорсозии экосистемаҳо ва ташаккули манзараҳои устувори иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ташаббуси таҳияи барномаи CLiCA бори аввал соли 2021 зимни музокирот бо Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) пешниҳод шуда буд. Баъдан, дар доираи барномаҳои омодагии Фонди иқлими сабз бо дастгирии GIZ барои таҳияи асосҳои ин ташаббус захираҳо ҷудо гардиданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим барои кишварҳои иштирокчии барнома осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои осебпазири минтақа ба шумор рафта, обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва тағйирёбии захираҳои об ба экосистемаҳо, иқтисод ва зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳамзамон, Тоҷикистон бо вуҷуди саҳми ночиз дар ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ, барои коҳиш додани онҳо ҳадафҳои мушаххас муайян кардааст. Тибқи саҳмгузориҳои миллии такмилёфта (NDC 3.0), кишвар ният дорад то соли 2030 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба сатҳи соли 1990 ба андозаи 10 фоиз ва то соли 2035 ба андозаи 15 фоиз коҳиш диҳад.

Дар сурати дастрасӣ ба дастгирии зарурии молиявию технологӣ ин нишондиҳандаҳо метавонанд мутаносибан ба 25 ва 40 фоиз расонида шаванд.

Барои татбиқи тадбирҳои пешбинишуда дар доираи NDC 3.0 дар давраи солҳои 2026–2035, вобаста ба сенарияи иҷро, аз 20 то 22,5 миллиард доллари ИМА маблағ зарур арзёбӣ шудааст. Аз ин рӯ, ҷалби сармоягузорӣ, грантҳо, маблағгузории имтиёзнок ва технологияҳои муосир аз самтҳои муҳими ин раванд ба ҳисоб меравад.

Барномаи CLiCA барқарорсозии заминҳои харобшуда, идоракунии устувори ҷангалу чарогоҳҳо, ҷорӣ намудани усулҳои кишоварзии мутобиқ ба тағйирёбии иқлим ва беҳтар кардани идоракунии ҳавзаҳои обро дар бар мегирад.

Дар доираи он ду самти афзалиятнок муайян шудааст. Самти аввал интихоби минтақаҳои афзалиятнок барои сармоягузориҳои муштарак дар барқарорсозии экосистемаҳо, идоракунии захираҳои об ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар ин раванд иштироки фаъоли сокинони маҳаллӣ, бахусус занону ҷавонон, муҳим арзёбӣ мешавад.

Самти дуюм таъсиси низомҳои муассири арзёбӣ ва табодули таҷриба мебошад, ки имкон медиҳанд на танҳо масоҳати заминҳои барқароршуда, балки вазъи экосистемаҳо, дастрасӣ ба об ва беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ низ муайян карда шавад.

Ба таъкиди иштирокдорони чорабинӣ, мушкилоти иқлимӣ, бахусус масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва экосистемаҳои табиӣ, марзҳои давлатиро эътироф намекунанд. Аз ин рӯ, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини амнияти обӣ ва устувории экологӣ аҳамияти махсус дорад.

Тоҷикистон омодагии худро барои татбиқи барномаи CLiCA дар ҳамкорӣ бо Қирғизистон, Ӯзбекистон ва шарикони байналмилалӣ изҳор кардааст.

Оғози ин барнома қадами дигар дар самти таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ барои ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

King’s Cup 2026: Пирӯзии тими мо бар тими тими миллии Уммон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский дар бозии даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» бар тими миллии...

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...
spot_imgspot_img

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад