ҲАЁТИ СОЛИМ300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

-

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Мушкилоти хоб, фишори равонӣ ва озори интернетӣ аз ҷумлаи хатарҳое мебошанд, ки ба киберварзишгарони ноболиғ таҳдид мекунанд. Созмони байналмилалии «Save the Children» мегӯяд, ки бинобар набудани меъёрҳои ягона, ҳифзи ҳуқуқу саломатии онҳо дар ин соҳа ҳамоҳанг нест.

Саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон дар мусобиқаҳои бозиҳои видеоӣ ба қадри кофӣ ҳифз намешавад.

Муаллифони гузориш аз соҳаи босуръат рушдёбандаи киберспорт даъват мекунанд, ки ҳуқуқи кӯдаконро, ки дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак муқаррар шудаанд, аз талош барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ болотар гузорад.

Тибқи арзёбии муаллифони гузориш, дар саросари ҷаҳон то 300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд. Онҳо бо мушкилоти хоб, бемориҳои узвҳои такягоҳу ҳаракат, ҷинсиятгароӣ, изтироб, озори интернетӣ ва афсурдагӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамзамон, тамринҳои пуршиддат вақти онҳоро барои таҳсил, оила ва муошират бо дӯстон кам мекунанд.

Дар гузориш таҳлили чатҳо ҳангоми 302 пахши бозии 20 стримери машҳури Twitch низ оварда шудааст. Натиҷа нишон додааст, ки дар 62 дарсади пахшҳо изҳороти ҷинсиятгароёна, дар 37 дарсад суханони нажодпарастона ва дар 84 дарсад ибораҳои таҳқиромез нисбат ба шахсони дорои маъюбӣ истифода шудаанд. Ҳамчунин, дар 97 дарсади пахшҳо таҳдид ё даъват ба хушунат ба назар расидааст.

Дар таҳқиқот, масъалаи ҷалби кӯдакон ба қабули қарорҳо, инчунин истифодаи ғайриодилонаи меҳнати онҳо аз ҷониби дастаҳо, агентҳо ва ҳатто волидон низ зикр шудааст. Ин ҳолатҳо метавонанд бо шартномаҳои ношаффоф ва тақсимоти нобаробари нуфузу имкониятҳо алоқаманд бошанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад