Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ «Хуавей Технологии Тоҷикистон» ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои 5G-Advanced (5G-A) ва 6G ба имзо расидааст.
Санадро сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ва Тсао Фэйлун, директори генералии ҶДММ «Хуавей Технологии Тоҷикистон», имзо намуданд.
Ҳадафи ёддошти тафоҳум роҳандозии шарикии стратегӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳо барои таҳқиқ, озмоиш ва ҷорӣ намудани технологияҳои 5G-A ва 6G дар қисми болоии диапазони басомадҳои 6 ГГс — аз 6,425 то 7,125 ГГс мебошад. Ҳамкорӣ ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026–2030 мусоидат хоҳад кард.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!