МУВАФФАҚИЯТМедали биринҷии ҷавонтарин варзишгари Тоҷикистон дар Ҷопон

Медали биринҷии ҷавонтарин варзишгари Тоҷикистон дар Ҷопон

-

Махсатулло Муъминов дар риштаи каратэ-до дар Ҷопон сазовори медали биринҷӣ гардид. Махсатулло ҷавонтарин варзишгар дар ҳайати Тоҷикистон аст ки ба Бозиҳои ХХ-и Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон сафарбар гардидаанд. Махсатулло Муъминов акнун ба синни 18 мерасад.
Ӯ мегӯяд, рақобат мушкил буд. Баъди ин мусобиқа, Махсатулло барои иштирок дар Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 28 ноябр то 7 декабр дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд, омодагӣ мебинад. Ҳайати Тоҷикистонро дар Бозиҳои ХХ-и Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро 10 муштзан – миёни мардон Меҳроҷ Суфиҷонов (55 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Шамшер Саидов (70 кг), Некрўз Салимов (80 кг), Парвиз Каримов (90 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг) ва миёни бонувон Фариза Ёқубова (51 кг), Ҳангома Исоева (54 кг), Миҷгона Самадова (60 кг, Малика Нозимова (65 кг) муаррифӣ мекунанд. Мураббиҳо Саидхоҷа Мамуров, Парвиз Ахмедов ва Рустам Музафаров роҳнамои ҳайати бокси Тоҷикистон дар мусобиқа мебошанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад