Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд Трампи хурдӣ маблағгузорӣ кардааст. Ба он ҷо гурӯҳи калони шаҳрвандони Русия низ парвоз кардаанд. Ин маълумот дар таҳқиқоти ProPublica оварда шудааст, ки DW ба он такя мекунад.
Маросими тӯйи писари калонии президенти ИМА ва модели Беттина Андерсон майи соли 2026 баргузор шуда буд. ProPublica менависад, ки ба ҷуз аз раиси IBA, ки қариб бо забони англисӣ ҳарф намезанад, гурӯҳи калони шаҳрвандони Русия низ ба ин чорабинӣ омадаанд. Дар таҳқиқот аз муовини директори генералии Гурӯҳи ширкатҳои «ЕСК» Александр Лагутин, ки аз ҷумла дар бахшҳои мудофиа ва энергетикаи Русия фаъолият кардааст, инчунин «дасти рости» Кремлёв дар IBA Елена Собол ном бурда мешавад.
Тибқи маълумоти ProPublica, пардохтҳо ба маблағи чандсад ҳазор доллар аз ҷониби як созмон дар Дубай анҷом дода шудаанд, ки Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) онро барои амалиёти молиявии худ истифода мебарад.
Доналд Трампи хурдӣ маълумот дар бораи маблағгузории тӯйро пинҳон намекунад. Намояндаи ӯ гуфтааст, ки Кремлёв дӯсти шахсии писари президенти ИМА буда, миёни онҳо муносибатҳои тиҷоратӣ вуҷуд надоранд.
Дар изҳороти онҳо, ки дар аккаунти Беттина Трамп дар Instagram нашр шудааст, гуфта мешавад: «Дӯсти азизамон Умар барои мо ду шоми бениҳоят хотирмон ва пуршукӯҳи ҷашниро бо саховатмандӣ ташкил кард.»



