Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард. Вазни ин ноутбук тақрибан 1,4 кг буда, 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад.
Навъи нави ноутбук ҷойгузини IdeaPad 5 2-in-1 14Q8X9 мешавад, ки моҳи сентябри соли 2024 бо протсессорҳои Snapdragon X Plus муаррифӣ шуда буд. Модели соли 2026 бо протсессори навтари Qualcomm Snapdragon X2 Plus X2P-42-100 сохта шудааст. Тибқи натиҷаҳои санҷишҳое, ки истеҳсолкунанда ба онҳо истинод мекунад, чипи нав дар муқоиса бо насли қаблӣ тақрибан 19 дарсад беҳтар кор мекунад.
Ҳамроҳ бо протсессор Lenovo аз хотираи LPDDR5X бо суръати 9523 MT/s истифода кардааст, дар ҳоле ки модели қаблӣ бо суръати 8448 MT/s фаъолият мекард.
Мухторияти дастгоҳро батареяи иқтидораш 60 Вт·соат таъмин мекунад. Ҳатто ҳангоми тамошои видео бо формати Full HD ноутбук метавонад зиёда аз 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад.
Нархи Lenovo IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11 бо 16 ГБ RAM ва SSD-и 512 ГБ 1099 долларро ташкил медиҳад.



