Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли 2026 тақрибан 70 миллиард доллар аз арзиши бозории худро аз даст додааст. Дар ҳамин давра арзиши саҳмияҳои ширкат низ 71,6 дарсад коҳиш ёфтааст.
Роҳбарияти ширкат ин вазъро ба набудани бозиҳои вирусӣ, ки тавони ҷалби оммавии корбаронро доранд, рабт медиҳад.
Навин К. Чопра, директори молиявии ширкат гуфт, коҳиши нишондиҳандаҳо аз он сабаб рух додааст, ки таваҷҷуҳи корбарон аз бозиҳои хеле даромадноки вирусии соли 2025 ба омезиши бозиҳои нав ва машҳуре гузаштааст, ки аз ҳар як соати бозӣ даромади камтар ба ширкат меоранд.
Тибқи маълумоти Roblox, шумораи корбарони ҳаррӯзаи фаъол дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ба 123 миллион нафар коҳиш ёфтааст. Барои муқоиса, ин нишондиҳанда дар семоҳаи сеюми соли 2025 ба 152 миллион нафар расида буд.



