ОЛАМИ МАҶОЗӢGrok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

-

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомер эҷод хоҳад кард. Дар ин бора 21 июл роҳбари ширкат Илон Маск хабар дод.

«То охири ҳамин сол Grok Imagine филми пурраметражеро аз рӯи «Одиссея» таҳия мекунад, ки аз нигоҳи таърихӣ дақиқ буда, асари Ҳомерро ба таври содиқона инъикос хоҳад кард», — навиштааст ӯ дар шабакаи X.

Филми «Одиссея», ки коргардони он Кристофер Нолан мебошад, 17 июл ба намоиши ҷаҳонӣ баромад. Танҳо дар рӯзҳои аввали намоиш даромади он аз фурӯши чиптаҳо ба 264,1 миллион доллар расид.

Дар ин филм ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Мэтт Дэймон, Том Ҳолланд, Энн Ҳэтэуэй, Зендея, Роберт Паттинсон, Шарлиз Терон ва дигарон нақш офаридаанд.

Филм саргузашти Шоҳ Одиссейро қисса мекунад, ки пас аз анҷоми Ҷанги Троя барои бозгашт ба назди ҳамсараш Пенелопа талош намуда, дар ин роҳ бо ғазаби худоён, офатҳои табиӣ ва махлуқоти афсонавӣ рӯ ба рӯ мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад