ҲАЁТИ СОЛИММутахассисони соҳаи ҳифзи кӯдак барои татбиқи усулҳои нави омӯзиш...

Мутахассисони соҳаи ҳифзи кӯдак барои татбиқи усулҳои нави омӯзиш омода мешаванд

-

Дар шаҳри Душанбе аз 21 то 24 июли соли 2026 омӯзиши омӯзгорон (Training of Trainers – ToT) дар мавзуи «Омӯзиш дар асоси салоҳият барои ҳалли мушкилоти ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҳадафи асосии он таҳкими иқтидори омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи кори иҷтимоӣ барои омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти ҳифзи кӯдак буд.

Дар ин омӯзиши чоррӯза 18 нафар омӯзгорон ва мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коллеҷҳои тиббӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ иштирок карданд. Ба иштирокчиён мутахассисони соҳа Субҳон Ашуров, Умеда Мунавварова ва Зарина Алимшоева дар бораи равиши омӯзиш дар асоси салоҳият, низоми ҳифзи кӯдак, ҳамкории байнисоҳавӣ, арзёбии ҳолатҳои кӯдакони осебпазир ва идоракунии ҳолат (кейс-менеҷмент) маълумоти амалӣ пешниҳод намуданд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, татбиқи омӯзиш дар асоси салоҳият ба рушди низоми касбии кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мусоидат карда, ба омода намудани мутахассисоне мусоидат мекунад, ки метавонанд ба кӯдакон ва оилаҳои осебпазир хизматрасониҳои босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замон пешниҳод намоянд.

Дар анҷоми барнома ҳамаи иштирокчиён соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Ин омӯзиш дар доираи лоиҳаи «Касбигардонии кори иҷтимоӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон» бо маблағгузории UNICEF дар Тоҷикистон аз ҷониби Филиали ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад