ОЛАМИ МАҶОЗӢШиркатҳои зеҳни сунъӣ мехоҳанд коргоҳҳо ба ҳафтаи кории чаҳоррӯза...

Ширкатҳои зеҳни сунъӣ мехоҳанд коргоҳҳо ба ҳафтаи кории чаҳоррӯза «бе коҳиши маош» гузаранд

-

Ширкати OpenAI пешниҳод мекунад, ки ҳафтаи кории чаҳоррӯза «бидуни кам кардани маош» аз ҷониби коргоҳҳо таҷриба шавад. Ширкати Nvidia ва Zoom низ ҷонибдори гузариш ба ҳафтаи кории чоррӯза ва ҳатто серӯза ҳастанд.
OpenAI бар ин назар аст, ки зеҳни сунъӣ ба зудӣ аз инсонҳо ҳам донотар мешавад ва ин тарзи зиндагӣ, кор ва низоми андозбандиро ба таври куллӣ тағйир хоҳад дод.
OpenAI аз ҳукуматҳо даъват мекунад, ки дар пасманзари густариши истифодаи зеҳни сунъӣ асосҳои низоми иқтисодӣ, аз ҷумла тарзи кор кардан, даромад гирифтан ва андоз супоридани мардумро аз нав баррасӣ кунанд.
Яке аз пешниҳодҳои асосӣ таъсиси фонди ҷамъиятии даромад мебошад, ки ба ҳамаи шаҳрвандон ҳиссае аз рушди иқтисодии вобаста ба зеҳни сунъӣ медиҳад.
Ширкат ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки ҳукуматҳо ширкатҳоро барои ҷорӣ кардани барномаҳои таҷрибавии ҳафтаи кории чаҳоррӯза «бе коҳиши маош» ҳавасманд намоянд то афзоиши маҳсулнокӣ аз ҳисоби зеҳни сунъӣ ҷуброн карда шавад.
Ғайр аз ин, пешниҳод шудааст, ки низомҳои пардохтҳои иҷтимоӣ, ба монанди нафақа ва дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, шакле ба роҳ монда шавад, ки ҳангоми иваз кардани ҷойи кор, соҳа ё оғози тиҷорати шахсӣ ҳамроҳи инсон боқӣ монанд.
Дигарон, аз ҷумла роҳбари Nvidia ва роҳбари Zoom ҷонибдори гузариш ба ҳафтаи кории чоррӯза ё ҳатто серӯза ҳастанд.
Тасвир дар пойгоҳи reve сохт шуд
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад