МУВАФФАҚИЯТКумаки Тоҷикистон ба Ғазза расид

Кумаки Тоҷикистон ба Ғазза расид

-

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба аҳолии Ғазза расид. Дар соли 2026 аввалин бастаи кумакҳост, ки ба ин минтақаи ҷангзада аз номи Тоҷикистон дастрас мегардад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 8 феврали соли 2026 ба сокинони ниёзманди Ғаззаи Фаластин навбатии ккмаки башардӯстона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он расонида шуд.
Бастаи кумакҳо «аз маҳсулоти хӯрокворӣ, либосҳои гарм, хаймаҳо ва плёнкаи обногузар иборат буд, бо 6 мошини калони боркаш тавассути гузаргоҳи марзии Рафаҳ дар сарҳади Миср ва Фаластин ба Ғазза ворид гардид. Ин раванд дар ҳузури сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони созмонҳои хайриявии тоҷик сурат гирифт.»-омадааст дар иттилоияи ВКХ.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали муноқиша дар ин минтақа ба аҳолии Ғазза пайваста кумаки башардӯстона ва молиявӣ мерасонад.
Кишвари мо аз ташкили кишвари мустақили Фаластин дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ пуштибонӣ намуда, ташкили кишвари мустақили Фаластинро бо пойтахташ дар Қудс мехоҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад