МУВАФФАҚИЯТ5 феврал маросими қуръакашии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад

5 феврал маросими қуръакашии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад

-

Фардо, 5 феврал дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои ФФТ, дар 35-умин чемпионати Тоҷикистон дувоздаҳ бошгоҳ иштирок мекунад – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ», «Сардор» (ҳарду аз Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд).
Мавсими нав дар ду марҳила сурат гирифта, ҳар як даста бо ҳар рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар натиҷа ҳар як бошгоҳ дар доираи чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи охиринро мегирад, ба лигаи якум меафтад. Бошгоҳе, ки зинаи ёздаҳумро ишғол менамояд, бо дастаи дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад