ЗАБОНОМӮЗӢЗамимаҳои тарҷумонӣ, ки бидуни интернет кор мекунанд

Замимаҳои тарҷумонӣ, ки бидуни интернет кор мекунанд

-

Замимаҳои тарҷумонӣ, ки бидуни интернет (офлайн) кор мекунанд ва ҳангоми сафарҳои хориҷӣ, дар маконҳое, ки алоқа ноустувор ё гарон аст, кумак мекунанд. Ин гуна барномаҳо бидуни интернет кор мекунанд, матнро тарҷума мекунанд, калимаҳоро тавассути камера мешиносанд ва имкон медиҳанд муколамаи овозӣ анҷом дода шавад. Нашрияи «gazeta.ru» гузинаҳои маъруфро муқоиса кардааст.
 
Google Translate
Пас аз боргирии бастаи забонӣ матнро тарҷума мекунад, матни дар аксбударо тарҷума мекунад. Тақрибан 59 забон барои тарҷумаи одӣ ва зиёда аз 90 забон тавассути камера дастрас аст. Ин замима комилан ройгон аст.
 
Microsoft Translator
Тарҷумаи матн, овоз, тасвир ва реҷаҳои муколама тариқи он имконпазир буда, ин замима низ ройгон аст, ки беш аз 100 забонро дастгирӣ мекунад.
Барои сафар ва муоширати корӣ мувофиқ буда, дорои ибораҳои омода ва реҷаи муколама барои то 100 нафар.
 
iTranslate
Тарҷумаи матн ба 41 забон дастрас буда, ибораҳои офлайн ва ҳатто воридкунии овозӣ бидуни интернет тариқи он дастрас аст. Дар онлайн зиёда аз 100 забон, луғатҳо, синонимҳо дастрасанд.
Нусхаи асосӣ ройгон аст, аммо камера (Lens) ва муколамаҳои овозӣ обунаи iTranslate Pro-ро талаб мекунад.
 
Naver Papago
14 забон бо дастрасии пурраи офлайн пас аз боргирии бастаҳо дастрас аст. Барои забонҳои кореягӣ, ҷопонӣ ва чинӣ махсусан хуб кор мекунад.
Барномаи асосӣ ройгон буда, нусхаи пулакии Papago Plus барои вазифаҳои мураккаб аст. Барои сафар ба кишварҳои Осиё ва онҳое, ки тарҷумаи дақиқи забонҳои шарқиро мехоҳанд, мувофиқ аст.
 
Яндекс
Ин замима барои тарҷума ба забони русӣ  хеле мувофиқ аст. Зиёда аз 90 забонро дастгирӣ мекунад. Дар офлайн забонҳои маъмул (англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ, итолиёвӣ) бо боргири ройгони луғатҳо дастрасанд. Воридкунии овоз, тарҷума аз акс (45 забон), тарҷумаи сомонаҳо ва реҷаи «Муколама» мавҷуданд.
 
Waygo 
Матнро аз чинӣ, ҷопонӣ ва кореягӣ тавассути камера фавран ба англисӣ тарҷума мекунад. Комилан бидуни интернет кор мекунад. Нусхаи ройгон бо маҳдудият (то 10 тарҷума дар як рӯз) кор мекунад. 
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад