БИЗНЕС-КЛУБДу танкери Русияро Амрико боздошт кард

Ду танкери Русияро Амрико боздошт кард

-

Низомиёни ИМА назорати ду танкери марбут ба «флоти соягии»-и Русияро бо номҳои «Bella 1» (ё «Marinera») ва «Sophia» ба даст гирифтанд.

«Тасарруф дар доираи дастури президенти ИМА анҷом дода мешавад, ки алайҳи киштиҳое равона шудааст, ки таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд ва ба амнияту суботи Нимкураи Ғарбӣ таҳдид мекунанд.», — омадааст дар изҳороти фармондеҳӣ.

Ҳар ду киштӣ дар рӯйхати таҳримҳои Вазорати молияи ИМА қарор доранд, зеро дар интиқоли нафти таҳримшудаи Эрон, Венесуэла ва Русия даст доранд.

Амалиёт субҳи барвақти 7 январ бидуни талафоти ҷонӣ ба поён расидааст. Дар баёния гуфта мешавад, ки амалиёт бо ҳамкории вазоратҳои адлия, амнияти дохилӣ ва мудофиаи ИМА пас аз он анҷом шуд, ки киштиро яке аз киштиҳои гвардияи соҳилии ИМА пайгирӣ кард. Тибқи иттилои расонаҳо, дар амалиёт нерӯи десантӣ иштирок дошт. Фуруд омадани онҳо ба танкер пеш аз расидани киштиҳои ҳарбии Русия ва як киштии зериобӣ сурат гирифт, ки каме пештар ба сӯи Marinera равона шуда буданд.

Вазорати нақлиёти Русия амалҳои ИМА-ро нақзи ҳуқуқи баҳрӣ номид. Тибқи меъёрҳои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳрии соли 1982, дар обҳои кушод реҷаи озодии киштиронӣ амал мекунад ва ҳеҷ давлате ҳақ надорад нисбат ба киштиҳое, ки дар давлатҳои дигар ба таври қонунӣ ба қайд гирифта шудаанд, қувва истифода барад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад