БИЗНЕС-КЛУБАмрико рафтан мехоҳӣ, гаравпулӣ месупорӣ

Амрико рафтан мехоҳӣ, гаравпулӣ месупорӣ

-

Тоҷикистон аз 21 январи соли 2026  ба Барномаи озмоишии гаравпулии раводид (Visa Bond Pilot Program) ҳамроҳ мешавад.
Ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе аризадиҳандагоне, ки ба талаботҳои гирифтани раводиди навъи хизматӣ/туристӣ (B1/B2) барои сафар ба Иёлоти Муттаҳида ҷавобгӯй ҳастанд, акнун қабл аз судури раводидашон бояд гаравпулиро дар ҳаҷми то 15000 доллари ИМА супоранд.
Гаравпулӣ ба аризадиҳанда дар сурате баргардонда мешавад, ки агар аризадиҳанда ҳамаи шартҳои раводидро риоя кунад ва пеш аз ба охир расидани мӯҳлати иҷозаи будубош Иёлоти Муттаҳидаро тарк кунад.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА шаҳрвандони кишварҳои зеринро муайян кардааст, ки ҳангоми дархости виза бояд гаравпулӣ супоранд:

Алҷазоир (21 январи 2026)
Ангола (21 январи 2026)
Антигуа ва Барбуда (21 январи 2026)
Бангладеш (21 январи 2026)
Бенин (21 январи 2026)
Бутан (1 январи 2026)
Ботсвана (1 январи 2026)
Бурунди (21 январи 2026)
Кабо-Верде (21 январи 2026)
Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (1 январи 2026)
Кот-д’Ивуар (21 январи 2026)
Куба (21 январи 2026)
Ҷибутӣ (21 январи 2026)
Доминика (21 январи 2026)
Фиҷи (21 январи 2026)
Габон (21 январи 2026)
Гамбия (11 октябри 2025)
Гвинея (1 январи 2026)
Гвинея-Бисау (1 январи 2026)
Қирғизистон (21 январи 2026)
Малави (20 августи 2025)
Мавритания (23 октябри 2025)
Намибия (1 январи 2026)
Непал (21 январи 2026)
Нигерия (21 январи 2026)
Сан-Томе ва Принсипи (23 октябри 2025)
Сенегал (21 январи 2026)
Тоҷикистон (21 январи 2026)
Танзания (23 октябри 2025)
Того (21 январи 2026)
Тонга (21 январи 2026)
Туркманистон (1 январи 2026)
Тувалу (21 январи 2026)
Уганда (21 январи 2026)
Вануату (21 январи 2026)
Венесуэла (21 январи 2026)
Замбия (20 августи 2025)
Зимбабве (21 январи 2026)

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад