ҲАЁТИ СОЛИМДар марги блогери рус чаро Шоира гумонбар аст?

Дар марги блогери рус чаро Шоира гумонбар аст?

-

Аз чап блогер Юлия Буртсева. Аз рост Шоира Нарзуллоева, гумонбар дар расонидани марг аз беэҳтиётӣ дар натиҷаи иҷрои номатлуби уҳдадориҳои касбӣ. (Манбаъ: https://eadaily.com)

Блогер Юлия Буртсева пас аз анҷоми амалиёти косметологӣ дар як клиникаи хусусӣ ба ҳалокат расид.

Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия тибқи банди 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятӣ (Расонидани марг аз беэҳтиётӣ дар натиҷаи иҷрои номатлуби уҳдадориҳои касбӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. 
Рӯзи 4 январ дар як клиникаи хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Токмакови шаҳри Маскав пас аз гузаронидани амалиёти тиббӣ, аз ҷумла косметологӣ, вазъи саломатии Юлия Буртсева якбора бад шудааст. Ӯро ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол доданд, аммо табибон наҷот дода натавонистанд.
Блогери 38-сола Юлия Буртсева ҳамроҳ бо шавҳараш дар бораи зиндагии худ дар Италия нақл мекард ва барои таҷлили соли нави мелодӣ ба Русия баргаштааст. 
Кумитаи тафтишоти Русия айбномаро дар парвандаи марги бемор нисбат ба корманди клиникаи хусусӣ, ки расмиёти косметологиро анҷом додааст, эълон кард. Ба навиштаи канали Telegram-и Mash, айбдоршаванда Шоира Назуллоеваи 26-сола, зодаи Тоҷикистон буда,  маълумоти касбии дахлдор надошта, утоқеро дар Elmas Clinic иҷора гирифта, корманди расмии клиника набудааст. Назари гумонбаршаванда ба ин айбҳо то ҳол маълум нест.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад