ҲАЁТИ СОЛИМВазъи саломатии президенти ИМА бад аст?

Вазъи саломатии президенти ИМА бад аст?

-

Вазъи саломатии президенти ИМА Доналд Трамп дар миёни тарафдоронаш шубҳа ба вуҷуд овард, баъд аз он ки ӯ аз зинаҳои ҳавопаймо хеле оҳиста поён шуд. Дар ин бора нашрияи Daily Beast бо истинод ба навори видеоии фаъоли ҷунбиши «Make America Great Again» Пол Виллареал дар шабакаи иҷтимоии X хабар медиҳад.

Нашрия менависад, ки ин намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ баҳсҳои навро дар бораи саломатиаш ба вуҷуд овард, зеро ҳангоми поён шудан аз зинаҳои ҳавопаймо ҳаракаташ ноқулай ба назар мерасид.

Дар навор дида мешавад, ки пеш аз поён шуданн сиёсатмадор се маротиба бо кафи даст ба пои рости худ мезанад, сипас аз панҷараи зинапоя дошта, оҳиста-оҳиста поён мешавад.

Баъди фаромадан президенти Амрико ҳамроҳ бо муҳофизон ба мошин мешинад. Аз тирезаи мошин дида мешавад, ки ӯ як шишаи нӯшокиро ба даст мегирад.

Дар аввали моҳи декабр Трамп як қатор расонаҳои амрикоиро ба тӯҳмат айбдор карда буд, ки дар бораи бад шудани вазъи саломатиаш матолиб нашр кардаанд, ва таҳдид намуд, ки нисбат ба онҳо чора меандешад.

Роҳбари ИМА изҳор дошт, ки ӯ вазифаҳои президенти кишварро бо муваффақият иҷро мекунад ва мунтазам аз муоинаи тиббӣ мегузарад.

Дар охири моҳи ноябр нашрияи The New York Times матлабе нашр кард, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешуд барои Трампи 79-сола нигоҳ доштани симои сиёсатмадори пурэнержӣ ва фаъол торафт мушкилтар мегардад. Рӯзноманигорон навишта буданд, ки ӯ гӯё чанд маротиба дар чорабиниҳои Кохи Сафед хобаш бурдааст ва баъзан суханронии дуруст намекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад