ҲАЁТИ СОЛИМБа ронандагони таксӣ иҷозат дода мешавад, ки дар саросари...

Ба ронандагони таксӣ иҷозат дода мешавад, ки дар саросари Русия кор кунанд

-

Ронандагони таксӣ аз ҷумла шахсони худиштиғол (самозанятые), метавонанд новобаста аз ҷойи зисти расмӣ иҷозатнома барои интиқоли мусофиркашонӣ ба даст оваранд.

То кунун чунин иҷозатро надоштанд. Лоиҳаи қонун баъд аз такмил аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ дастгирӣ шудааст. Дар ин бора ба «Ведомости» ду манбаъ, яке дар Ҳукумати Федератсияи Русия, дигаре наздик ба ин комиссия хабар додаанд.

Тағйирот ба қонони федералӣ «Дар бораи таҳкими интиқоли мусофирон ва борҳо бо мошинҳои сабукрави таксӣ дар Федератсияи Русия» аз ҷониби як гурӯҳи вакилон пешниҳод шуда буд. Шакли аввалия 20 ноябр дар хониши аввал қабул шуда буд. Барои хониши дуюм бояд чанд нукта такмил дода шаванд.

Ҳоло механизме вуҷуд надорад, ки ба соҳибкорони инфиродӣ имкон диҳад, дар минтақае, ки зиндагӣ намекунанд, ҳуқуқи интиқоли мусофиронро дошта бошанд. Дар баррасии ҳукумат гуфта шудааст, ки то баррасии дуюми тағйирот дар парлумон, ин нуктаҳо, аз ҷумла, масъалаи назорати фаъолияти ронандагони таксӣ, ки дар минтақаи дигар кор мекунанд, дақиқ шавад.

Ҳоло ронанда барои кор дар таксӣ бояд тавассути сомонаи минтақавӣ ё «Госуслуги» дархост пешниҳод карда, маълумоти мошин ва соҳиби онро ворид намояд. Сипас ӯ бояд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ё худиштиғол дар он минтақа сабти ном шавад ва маҳз дар ҳамон ҷо иҷозатнома гирад.

То кунун дар ҳудуди 30 минтақаи Русия муҳоҷирон наметавонанд, ба таксиронӣ машғул шаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад