БИЗНЕС-КЛУБ130 платформаи криптоасъор дар Қазоқистон баста шуд

130 платформаи криптоасъор дар Қазоқистон баста шуд

-

Мақомоти Қазоқистон дар доираи амалиёти густурдаи зидди ҷиноятҳои молиявӣ, дороиҳои рақамиро ба маблағи 14,4 миллион евро мусодира карда, 130 биржаи криптоасъорро, ки бо пулшӯӣ алоқаманд буданд, баст. Дар ин бора Агентии назорати молиявии Қазоқистон хабар додааст.

Ба иттилои Агентии назорати молиявии Қазоқистон, ин платформаҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятӣ дар Қазоқистон, Русия, Украина ва Молдова барои шустушӯи маблағҳо аз фурӯши маводи мухаддир ва қаллобии онлайн истифода мешуданд.

Агентӣ ин равандро ҳамчун як системаи бисёрмарҳилавӣ тавсиф мекунад:
аввал ҷинояткорон даромадҳои худро чӣ пули нақд ва чӣ крипто — ба ҳамёнҳои биржаҳо интиқол медоданд, сипас онҳо ба якчанд амалиёти мураккаб дохил мешуданд, то манбаи аслии пулро пинҳон кунанд.

«Ин биржаҳои ғайриқонунӣ мисли “пӯлшӯяндаи касбии пул” амал мекунанд — онҳо даромадҳои ҷиноятиро нақд мекунанд ва ба хориҷ интиқол медиҳанд», — гуфта мешавад дар изҳороти Агентии назорати молиявии Қазоқистон.

Дар Қазоқистон танҳо он платформаҳое иҷозаи фаъолият доранд, ки аз ҷониби Идораи хидматҳои молиявии Астана (AFSA) иҷозатнома гирифтаанд ва ба низоми бонкии миллӣ пайваст шудаанд. AFSA ба амнияти киберӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад