МУВАФФАҚИЯТOpenAI додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва тиббиро тариқи ChatGPT манъ...

OpenAI додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва тиббиро тариқи ChatGPT манъ кард

-

Тибқи сиёсати нави OpenAI, ChatGPT дигар наметавонад ба корбарон машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кунад. Ин маҳдудият инчунин ба соҳаҳои тиб, фаъолияти молиявӣ, шуғл ва амнияти миллӣ дахл дорад.

Дар сомонаи расмии ширкат зикр шудааст, ки OpenAI сиёсати истифодаи хадамоти худро нав кардааст. Акнун ба корбарон иҷозат дода намешавад, ки аз ChatGPT машваратҳои ҳуқуқӣ ё тиббӣ гиранд.

Маҳдудиятҳо инчунин ба мавзӯъҳои дигар низ дахл доранд,  аз ҷумла соҳаи маориф, манзил, шуғл, фаъолиятҳои молиявӣ ва қарздиҳӣ, суғурта ва хизматрасониҳои муҳими давлатӣ. ChatGPT инчунин наметавонад ба саволҳо дар бораи муҳоҷират ва амнияти миллӣ ҷавоб диҳад.

Дар изҳороти ширкат омадааст:

«Мо аз корбарон талаб мекунем, ки хадамоти моро бо риояи қоидаҳо истифода баранд. Ҳар гуна вайронкунӣ ё сарфи назар аз ин меъёрҳо метавонад боиси маҳрум шудан аз дастрасӣ ба системаҳои мо ё чораҳои дигар гардад».

OpenAI инчунин таъкид кардааст, ки истифодаи хадамотҳо барои таҳдид, тарсондан, таъқиб, тӯҳмат, ташвиқи худкушӣ, ҳамчунин барои зӯроварии ҷинсӣ ва терроризм қатъиян манъ аст.

Ҳамчунин манъ шудааст:

  • истифодаи тасвири шахс бидуни иҷозати ӯ (аз ҷумла овоз ё тасвирҳои воқеӣ);

  • арзёбӣ ё пешгӯии хатари ҷиноят аз рӯи хусусиятҳои шахсӣ;

  • муҳокимаи намуди зоҳирии ноболиғон ё таблиғи одатҳои носолим байни онҳо;

  • дастрасии онҳо ба маҳсулот ё фаъолиятҳои бо маҳдудияти синнӣ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...
spot_imgspot_img

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад