Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илмро таҳия кунанд.
Ин пешниҳод 28 октябр дар Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ — фазои нави маориф, илм ва инноватсия» дар шаҳри Тошканд садо дод.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, дар форум вазирони маорифи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, роҳбарони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа иштирок карданд.
Саидзода таъкид намудааст, ки таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ метавонад барои табодули донишҷӯёну омӯзгорон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, эътирофи мутақобилаи дипломҳо ва густариши таҳқиқоти илмӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварад.
Ҳамчунин, ӯ зарурати ҳамкорӣ дар самтҳои ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо, омӯзиши тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, рушди таҳсилоти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъиро таъкид кард.
Ба гуфтаи вазир, ташаббусҳои муштарак бояд пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимию илмӣ барои ҷавонон равона карда шаванд.
Дар форум инчунин масъалаҳои густариши робитаҳои байнидонишгоҳӣ, ҷалби грантҳо, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълим ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



