Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ гардиданд.
Маросими ҷамъбасти озмун дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолзанон ва хизматчиёни давлатӣ иштирок карданд.
Ба иттилои манбаъ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, ба иштирокчиёни фаъоли озмун сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои муаррифии таҷрибаи касбии занон, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда мусоидат мекунад.
Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳадафи он дастгирии занони хизматчии давлатӣ, муайян кардани кадрҳои болаёқат ва баланд бардоштани малакаҳои касбию роҳбарии онҳо мебошад.



