ҲАЁТИ СОЛИМФунти нави Сурия ду сифрашро ҳазф кард

Фунти нави Сурия ду сифрашро ҳазф кард

-

Пулҳои тозанашршуда. Акс аз манбаъҳои боз

Фунти нави Сурия муаррифӣ шуд. Ҳанӯз моҳи август хабаргузории Reuters иттилоъ дода буд, ки чопи пулҳои нави суриягӣ ба корхонаи давлатии Русия супурда шудааст. Ин корхона қаблан низ барои режими Башшор Асад пул чоп мекард.

Дар тарҳи нави фунти суриягӣ дигар акси одамон ё ёдгориҳо ҷой надоранд. Дар асъори нави рангоранг танҳо маҳсулоти кишоварзӣ — пахта, афлесун, гандум, зайтун ва ғайра тасвир шудаанд.
Қаблан дар пулҳои Сурия акси Башшор Асад ҷой дошт.

Ҳамчунин дар асъори ба тозагӣ нашршуда ду сифр ҳазф гардид.

Аз мардуми Сурия даъват шудааст, ки барои иваз намудани пулҳои нав шитоб накунанд, зеро ин метавонад ба қурби фунти суриягӣ таъсири манфӣ расонад. Дар тӯли як сол пулҳои кӯҳна ва нав ҳамзамон дар муомила хоҳанд буд.

Сурия ҳанӯз моҳи август эълон карда буд, ки аз моҳи декабр пулҳои навро бо ҳазфи ду сифр ба муомила мебарорад.
Дар натиҷаи 14 соли ҷанги шаҳрвандӣ, фунти суриягӣ беш аз 99 фоиз беқурб шуда буд.

Моҳи июн Бонки марказии Сурия инчунин аз анҷоми нахустин амалиёти байналмилалии бонкӣ тавассути низоми SWIFT пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 2011 хабар дод.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад