ҲАЁТИ СОЛИМДирӯз ва имрӯзи Душанбе

Дирӯз ва имрӯзи Душанбе

-

Шанбеи сеюми моҳи апрел дар  кишар  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Аз 1 марти соли 2005 ин рӯз ба номгӯи идҳо ворид гардид.

Таърих ва мавқеи ҷуғрофии шаҳри Душанбе

Душанбе (солҳои 1929–1961 Сталинобод) яке аз ҷавонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Он аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ дар доманакӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст, ки аз марзҳои он дарёҳои Варзоб, Лучоб, Кофарниҳон, Хонақоҳ ва чандин дарёчаи дигар ҷорӣ мешаванд…

Душанбе дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ба 14 гузар тақсим мешуд, ки онро оқсақолон идора менамуданд.

Дар атрофи Душанбе шаҳрак ва деҳкадаҳои Шоҳмансур (дар ҷойи имрӯзаи бозори Шоҳмансур), Сариосиё (дар қисмати шарқии Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино), Ғофилобод (дар мавзеи телевизиони «Сафина»), Миришикор, Хуҷанбиёи Боло ва Хуҷанбиёи Поён (дар мавзеи заводи семент), Қарамиршикор ва Чармгарон (дар ҷойи заводи арматур), Заргар (ғарбтари Донишгоҳи аграрӣ) воқеъ буданд. Дар ин давра дар Душанбе 14 масҷид фаъолият менамуд, ки дар назди аксари онҳо мактабҳои ибтидоӣ ва дар назди ду масҷиди калон – Мулло Ёқуб ва Ҷомӣ мадраса, яъне мактаби олӣ амал мекарданд.

Соли 1907 бар асари заминларзаи харобиовар дар Қаратоғу Ҳисор беки Ҳисор – Шоҳимардонқул бо оилааш ба Душанбе кӯчида, шаҳри Душанберо пойтахти бекӣ қарор дод. Дар имтидоди 13 соле, ки Душанбе ба сифати маркази идории водӣ пазируфта шуда буд, тавонист, ки ба яке аз шаҳракҳои мутавассити минтақа табдил ёбад.

Аҳолии он афзуда, соли 1920 тақрибан 18–20 ҳазор нафарро ташкил медод. Дар ин давра ҳукумати маъмуриро беки Ҳисор идора мекард, ки амлокдори Душанбе тобеи ӯ буд. Охирин амлокдори Душанбе Элҷон дар ихтиёраш ду арбоб, шаш доруға ва миршабҳо дошта, ҳокимияти судиро қозӣ назорат менамуд.

14 октябри 1924 мутобиқи қарори иҷлосияи дуюми КИ М-и умумироссиягӣ ва КИ М-и Туркистон ҷумҳуриҳои иттифоқии Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфта, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (ҶМШТ) ба ҳайати Ӯзбекистон ҳамроҳ гардид. Дар миёни ин ҷумҳуриҳо Тоҷикистон ягона ҷумҳурие буд, ки новобаста ба таъриху фарҳанги бостонӣ ва шаҳру пойтахтҳои қадимиаш Душанбеи аз марказҳои тамаддун дурафтода пойтахти он қарор гирифт.

Баъди таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон (14 октябри 1924) дар Тошканд 26 ноябри 1924 сохтори муваққатии Кумитаи инқилобии ҶМШТ то даъвати анҷумани муассисон созмон дода шуд. 26 ноябри 1924 Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШТ таъйин шуд. Маҷлиси нахустини Кумитаи инқилобии ҶМШТ 7 декабри 1924 дар Тошканд баргузор шуд, ки яке аз масъалаҳои он кӯчонидани Кумитаи инқилобӣ ба пойтахти Ҷумҳурии навбунёд – шаҳри Душанбе буд. Нусратулло Махсум 3 феврали 1925 бо ҳайати Ҳукумат ба Душанбе омад. Рӯзи 4 феврали 1925 дар Душанбе ҷамъомади ботантана барпо гардид, ки дар он Эъломия (Декларатсия)и ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Тоҷикистон хонда шуд. Идораҳои округи Бухорои Шарқӣ ба он ҳамроҳ гардида, Абдуқодир Муҳиддинов раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ (1926) таъйин шуд. Дар Душанбе нахустин комиссариатҳои Шӯрои Нозирони Халқӣ – Комиссариати молия, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, маориф, тандурустӣ ва савдо таъсис ёфтанд, ки онҳо барои пойдории сохти давлатдорӣ ва пешрафти ҳаёти нав дар Тоҷикистон мусоидат мекарданд.

2 сентябри 1924 дар Душанбе нахустин истгоҳи барқӣ барои 200 нуқта сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон ҷиҳати беҳбуди иҷтимоии шаҳр бунёди бинои почтаву телеграф, нуқтаи тиббӣ, мактаб-интернат, шуъбаи савдо ва ғайра ба роҳ монда шуд. Апрели 1925 нахустин комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони шаҳр интихоб гардид, ки раиси он Шафоев буд. Мутобиқи мақоми пойтахтро соҳиб шудани Душанбе зарурати тарҳи нави шаҳрсозӣ пеш омад. Моҳи сентябри 1926 гурӯҳи меъморон бо сардории П. И. Ваулин ба Душанбе омаданд. 2 сентябри 1926 маҷлиси раёсати Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон тарҳи нави Душанберо баррасӣ намуд. Нахустин лоиҳаи генералии бунёди шаҳри Душанбе соли 1930 қабул ва тасдиқ гардид.

Тайи солҳои 1924–29 барои таъсисёбии Ҷумҳурии Мустақили Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам омада, шаҳри Душанбе хеле тараққӣ кард.

12-уми июни 1929 Президиуми КИ М-и ИҶШС ахбороти Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон шунида, аз рӯи нишонаҳои иқтисодӣ, миллӣ ва ҷуғрофӣ таъсис додани Ҷумҳурии ҷудогонаи Тоҷикистон ва ворид шудани онро ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ чун Ҷумҳурии Иттифоқӣ маъқул шуморид.

17 июни 1929 Бюрои Кумитаи Иҷроияи КМ (б) Ӯзбекистон масъалаи «Барқияи рафиқ Сталинро оид ба ҷудо намудани ҶМШТ аз ҳайати Ӯзбекистон чун Ҷумҳурии Иттифоқӣ » мавриди баррасӣ қарор дода, маъқул шуморид.

Бюрои мазкур дар ҳамин ҷаласа қарор қабул кард, ки ба пешниҳоди КМ ВКП (б) ҳамовоз шуда, таъсис додани Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистонро чун Ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ дастгирӣ менамояд.

Пас аз таҳлилу баррасиҳои 4-моҳа 15 октябри 1929 дар Душанбе Анҷумани сеюми Фавқулодаи Умумитоҷикии Шӯроҳо кори худро оғоз намуда, 16 октябр дар ҷамъомади серодами Майдони Хонаи Деҳқон (ҳоло Театри давлатии русии драмаи ба номи В. Маяковский) дар ҳузури вакилони анҷуман Эъломия (Декларатсия)-и таъсис додани Ҷумҳурии Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид. 24 феврали 1931 дар Душанбе Анҷумани чоруми Шӯрои Ҷумҳурии Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсияи Тоҷикистонро қабул намуд, ки он заминаи қонунӣ ва идоракунии ҷумҳуриро бунёд гузошт.

Ҳамин тариқ, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри навбунёди Душанбе заминаҳои маъмурию идоракунии мамлакат гузошта шуда, аз ҷумла, бинои Нозирони Комиссариати Халқӣ, Комиссариати зироат, Комиссариати алоқа ва ғайра бунёд гардиданд. Соли 1930 аввалин лоиҳаи меъмории шаҳри Душанбе ва соли 1936 Нақшаи генералии сохтмони он таҳия ва тасдиқ гардида, Душанбе ба пойтахти воқеии тоҷикон ва шаҳри муосиру замонавӣ табдил ёфт.

10 сентябри 1929 тавассути роҳи оҳани васеъбар ба Душанбе қатораи нахустин омад. Робитаи роҳи оҳан бо Маскав ва дигар шаҳрҳои иттифоқӣ шурӯъ гардида, маҳз дар ҳамин давра болоравии иқтисодиёти Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар даҳсолаи аввали ташаккули саноат дар шаҳри Душанбе заводи пахтатозакунӣ (1926), осиё (1927), комбинати гӯшт (1930), фабрикаи пилакашӣ (1932), заводи пӯст (1936) ба кор даромаданд. Соли 1936 сохтмони комбинати матоъҳои пахтагин оғоз ёфт ва соли 1942 он ба истифода дода шуд. Соли 1939 корхонаи шоҳибофӣ ба кор даромад.

3 марти 1938 ҳукумати Тоҷикистон нақшаи генералии шаҳри Душанберо, ки меъморони ленинградӣ М. Баранов, Н. Баранов, муҳандисон Г. Ситко ва Г. Шлейховский таҳия намуда буданд, тасдиқ намуд. Нақша барои 170 ҳазор иқоматкунанда муқаррар шуда, сохтмони шаҳр дар соҳили чапи дарёи Душанбе пешбинӣ гардида буд. 23 январи 1939 бо фармони Раёсати Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар Душанбе се ноҳияи маъмурӣ – Душанбе, Марказӣ ва Роҳи Оҳан таъсис дода шуд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–45) саноати пойтахт барои ёрӣ ба фронт нигаронӣ шуда буд. Солҳои ҷанг сохтмони роҳҳои нақлиётӣ ривоҷ ёфта, роҳи оҳани камбари Сталинобод–Қӯрғонтеппа (масофааш 125 км) сохта ба истифода дода шуд, ки Душанберо бо водии Вахш мепайваст. Дар ин давра даҳҳо корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, заводи «Трактородетал» (1945), заводи моторсозӣ (1946), заводҳои собунпазӣ ва семент, фабрикаи кешбофӣ ба кор даромад. Сохтмони Неругоҳи Варзоби Поён анҷом ёфта, бисёр корхонаҳои шаҳр ба истеҳсоли молу маснуоти барои майдони ҷанг зарурӣ ихтисос дода шуданд. Масалан, дар корхонаи матоъбофӣ либосҳои гуногуни низомӣ ва парашют, заводи ба номи Орҷоникидзе истеҳсоли симҳо, белчаҳои аскарӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ, корхонаи пойафзордӯзӣ истеҳсоли пойафзорҳоро барои аскарон ба роҳ монданд.

Фондҳои асосии истеҳсолии саноати Душанбе афзуда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар охири соли 1945 нисбат ба соли 1940-ум 2,5 баробар зиёд шуд.

Солҳои баъди ҷанг саноати шаҳр бо суръати баланд тараққӣ карда, Душанбе ба маркази бузурги саноатии Тоҷикистон табдил ёфт. Баробари ба кор даромадани НБО-ҳои Шаршара ва Сарбанд (дар дарёи Вахш), истеҳсоли неруи барқ афзуда, як қатор корхонаҳои саноатӣ, мошинсозӣ ва коркарди филиззот сохта ба истифода дода шуданд: заводҳои «Тоҷиктекстилмаш », «Тоҷикгидроагрегат », «Тоҷикторгмаш », «Тоҷиккабел », «Ремстройдормаш» ва ғайра дар ҳамин радифанд.

Саноати шаҳр дар солҳои 80 асри 20 бештар тараққӣ карда, дар Душанбе беш аз 90 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард. Маҳсулоти заводи «Тоҷиктекстилмаш » ва заводи Арматури ба номи Орджоникидзе ба 40 мамлакати хориҷа фиристода мешуд. Дар ин давра ба ҳиссаи пойтахт то 26,0 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноати ҷумҳурӣ рост меомад. Дар Душанбе сохтмони биноҳои иқоматӣ хеле авҷ гирифта, фонди манзил соли 1980 ба 4 млн 650 ҳазор м2 расид.

Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва илмӣ табдил ёфт. Дар пойтахт 23 институт, 8 мактаби олӣ, 13 мактаби миёнаи махсус, 19 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ва 95 мактаби маълумоти умумӣ фаъолият мекард. Соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар пойтахт ҳамчунин Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ, Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Сирки давлатӣ, беш аз 70 кинотеатр ва киностудияи «Тоҷикфилм » амал мекард; дар шаҳр Китобхонаи давлатии миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, 181 китобхонаи ҷамъиятӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, Кумитаи радио ва телевизион, Агентии миллии иттилоотӣтелеграфии «Ховар», Қаср ва Боғи кӯдакону наврасон, Стансияи табиатшиносони ҷавон ва техникҳои ҷавон, миқдори зиёди муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият дошт.

Дар шаҳри Душанбе якчанд матбаа, комбинати полиграфӣ, нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ирфон», «Маориф», «Адиб», «Дониш», Сарредакцияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик амал мекард. Дар пойтахт бо теъдоди зиёд рӯзномаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ чоп мешуданд.

Дар шаҳр 187 муассисаҳои табобатӣ, аз ҷумла, 24 беморхона, 3 таваллудхона, 59 дармонгоҳ (аз ҷумла, 11 диспансери махсус), 8 стансияи санитарию эпидемиологӣ ба шаҳрвандон хидмати тиббӣ мерасонд.

Ҳамин тариқ, Душанбе дар даврони Шӯравӣ чун дигар пойтахтҳои қаблии миллати тоҷик дар ҳоли рушду тараққӣ қарор дошт. Рисолати Душанбе ҳамчун пойтахти миллии тоҷикон аз рисолати таърихии пойтахтҳои қаблии мо дар давлатсозии навин ва пешрафти миллатамон бузургтару муҳимтар шуд.

Давраи истиқлол
Аз охири солҳои 80 вааввали солҳои 90 асри 20 вобаста ба воқеаҳои таърихии ин давра – пошхӯрии ИҶШС, ба даст овардани истиқлоли миллӣ ва шиддат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳаёти Душанбе ва тамоми мамлакат ҷиддан дигаргуниҳо ба амал омаданд. Аз сабаби норасоии буҷет, хеле кам шудани маблағгузории давлатӣ, ҳамчунин канда шудани робитаҳои анъанавӣ, қатъ гардидани воридоти ашёи хом қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият монданд ё ба реҷаи кӯтоҳи кор гузаштанд.

9 сентябри 1991 дар Душанбе ҳодисаи таърихии фаромӯшнашаванда ба амал омад. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати XII) баргузор гардид, ки он Декларатсияи истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қабул кард. Дар Декларатсия қайд шудааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи бозсозии демократӣ, сохтмони миллию давлатӣ собитқадамона ва мунтазам пеш рафта, роҳи таҳкими сулҳ, ризоят ва беҳбуди мамлакатро пеш мегирад.

Шаҳри Душанбе, ки аз соли 1924 рисолати пойтахти ҶМШС Тоҷикистон ва аз соли 1929 пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро адо мекард, дар ин марҳалаи тақдирсоз аз соли 1991 масъулияти бузурги пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар даврони навин бар дӯш гирифт. Вале дар ин роҳ мушкилоту монеаҳои фавқулода пайдо шуда, дар оғози марҳалаи нави истиқлол ва худшиносии миллӣ ҷомеаи мо ба низоъҳои фалокатбор ва ихтилофоти иҷтимоиву сиёсӣ дучор гардид.

Маълумотҳои ҷуғрофиёӣ

Масоҳати шаҳри Душанбе то 01.07.2019 – 203,18 км мураббаъ буда, дар водии Ҳисор, дар баландии 750 – 930 метр аз сатҳи баҳр, дар ду тарафи соҳили дарёи Душанбе (дар қисмати болооби дарёи Варзоб) ҷойгир аст. Иқлимаш хушк.

Шаҳр дорои чор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.

Аҳолӣ

Соли 1926 – 5,6;

Соли 1939 – 82,6;

Соли 1959 – 233,5;

Соли 1970 – 376,2;

Соли 1979 – 492,2;

Соли 1989 – 594,1;

Соли 2000 – 562,0;

Соли 2010 – 731,1;

01.01.2013 – 764,3

01.01.2014 – 775,8

01.01.2015 – 788,7

01.01.2016 – 802,2

01.07.2018 — 835,0

01.07.2019 — 851,3
1. 01.2024 1 млн. 241000

ЁДГОРИҲОИ МЕЪМОРӢ — ТАЪРИХӢ

  1. Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайкали Исмоили   Сомонӣ;
  2. Ҳайкали Садриддин Айнӣ;
  3. Ҳайкали Абуалӣ ибни Сино;
  4. Ҳайкали Мирзо Турсунзода;
  5. Ҳайкали Абдулқосим Фирдавсӣ;
  6. Ҳайкали В. В. Куйбишев;
  7. Ҳайкали Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ;
  8. Нимпайкараи академик Б. Ғаффуров;
  9. Нимпайкараи Умари Хайём;
  10. Нимпайкараи Абдулқосим Лоҳутӣ;
  11. Муҷтамаи ёдгории Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 БАРОДАРШАҲРҲО

  1. Клагенфурт (Австрия);
  2. Боулдер (ШМА);
  3. Ройтлинген (Олмон);
  4. Санкт – Петербург (Федератсияи Россия);
  5. Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон);
  6. Минск (Ҷумҳурии Белорус);
  7. Мазори Шариф (Ҷумҳурии исломии Афғонистон);
  8. Урумчӣ (СУАР ҶХЧ);
  9. Лаҳор (Ҷумҳурии Исломии Покистон);
  10. Санъо (Ҷумҳурии Яман);
  11. Монастир (Тунис);
  12. Лусака (Замбия);
  13. Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон);
  14. Анқара (Туркия);
  15. СЯМЭН (Ҷумҳурии Халқии Хитой)
  16. Ашҳобод (Туркманистон)
  17. Музофоти Хайнан (Ҷумхурии халқии Хитой)
  18. Чиндао (Ҷумхурии халқии Хитой)

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Фаронса дар баҳри Миёназамин як танкери русиро боздошт

Нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Фаронса дар қисми ғарбии баҳри Миёназамин танкери нафткаши русии GRINCH-ро боздоштанд, ки эҳтимолан ба "флоти соягӣ»-и Русия...

Мавлона: ба хотири ҳамдилӣ бо беморони саратон мӯи сарамро гирифтам

Мавлона Наджмудинова (Наҷмуддинова), ҳунарпешаи театру синамо бо гузоштани паёме тариқи шабакаи иҷтимоии фейсбук хабар медиҳад, ки барои табрикоти соли...

Омӯзиҳо барои мураббиёни дастаҳои наврасон

Федератсияи футбол оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни дастаҳои наврасон омӯзиш баргузор менамояд.  Дар омӯзиш мураббиёне, ки дастаҳояшон дар...

Трамп аз созиш дар бораи Гренландия хабар дод ва аз ҷорӣ кардани боҷҳо даст кашид

Президенти ИМА Доналд Трамп ва дабири кулли НАТО Марк Рютте дар бораи шартҳои чаҳорчӯбавии созиш вобаста ба Гренландия ба...
spot_imgspot_img

Тамп «Шӯрои сулҳ»-ро рақиби СММ гардонданист

"Шӯрои сулҳ" бо ташаббуси президенти ИМА Доналд Трамп таъсис ёфтааст. Ӯ қабл аз сафараш ба Давҳа аз ин СММ...

Ҳодисаи дар Электростал чӣ гуна рӯх дод?

Ҳодиса шоми якшанбе, 18 январ дар шаҳри Электростали назди Маскав рух дод. Тақрибан соати 23:20 гурӯҳи ҷавонон дар автобус...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад