ОЛАМИ МАҶОЗӢЗанони мардикорбозор касб намеомӯзанд. Чаро?

Занони мардикорбозор касб намеомӯзанд. Чаро?

-

Мақомоти вилояти Хатлон омори бекорӣ, хусусан дар миёни занонро нигаронкунанда мегӯяд. Теъдоди занони бекор дар ҷануби кишвар зиёд буда, таъмини онҳо ба кори пурмаҳсул солҳо ҳали худро наёфтааст. Масъулини бахши иҷтимоии вилоят мегӯянд, занони бекорро ба ҷойҳои кори холӣ ва касбомӯзии ройгон ҷалб мекунанд, вале аз ҷониби занон ҳавасмандие намебинанд.

Давоми як соли ахир ҳудуди 40 ҳазор сокини вилояти Хатлон ба Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят муроҷиат карда, ҳамчун бекор сабт шудаанд, ки беш аз 19 ҳазори онҳо занон будаанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, 25 ҳазор муроҷиаткунанда ба корҳои доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ сафарбар шудаанд.

Гулдаста, (исми мустаор) як зани 33-сола аз ноҳияи Кӯшониён аст, ки баъди ба ҳам пошидани оила бо чор кӯдаки ноболиғ танҳо монд ва зиндагиашро бо пуле пеш мебарад, ки аз мардикорбозори шаҳри Бохтар ба даст меорад.

Ӯ нақл кард, ки дар мардикорбозор ҳар рӯз кор пайдо намекунад ва гоҳо фиреб медиҳанд.

“Гоҳе кор ҳаст, гоҳе не. Ҳолате буд, ки моро кор фармуда, вале пулро надода ҷавоб додаанд, мо коре карда натавонистем, чун бидуни шартнома кор мекунем. Бо корфармо ё кордиҳандаи дилсӯз низ рӯ ба рӯ мешавем.”, — гуфт қаҳрамони мо.

Ӯ афзуд, ки маълумоти олӣ надорад ва аз ин рӯ, дар мардикорбозор ҳар коре, ки ба ӯ ва ҳамроҳонаш пешниҳод мекунанд, қабул менамояд.

“Инҷо заноне мисли ман зиёданд, ки маълумоти олӣ ва дониш надоранд. Ҳар коре, ки пеш ояд, мо мекунем. Ҳатто андоваарӣ кардем, ки барои мо хело сахт буд. Сатилҳои пур аз гилро ба болои бом мебардоштем…”, — ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

Малика Маҳмадқуловаи сокини 58-солаи шаҳри Бохтар аз субҳ то шом ба ин бозор меояд, то қутти лойомут пайдо кунад. 

”Шумораи занон вобаста ба мавсим зиёд ва кам мешаванд. Рӯзҳои сарди замистон занон кам ба кор мебарояд, чун ҳаво сард асту кор нест, вале баҳору тобистон занон зиёд меояд, чун дар саҳро кор зиёд мешавад. Албатта кор душвор аст, вале маҷбурем, ки зиндагиро пеш барем, дигар коре нест. Моро бештар ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Балхӣ, Кӯшониён, Дӯсти ва дигар ноҳияҳо ба кор мебаранд.”, — гуфт Малика.

Нозанин (исми мустаор) аз ноҳияи Хуросон ба мардикорбозор меояд. Ӯро боре ба касбомӯзӣ даъват карданд, вале натавонист касб омӯзад.

“Дар хона се кӯдак ва модари бемор дорам, як моҳ ё ду моҳ рафта касбомӯзи кунам, кӣ кӯдаконро мехӯронад?! Оё  корҳои пазандагӣ ё дӯзандагӣ пайдо мекунам ё не маълум нест. Мо дар сардию гармӣ корҳои сангин мекунем, вале ҳамарӯза нонпулӣ ба даст меорем.”,-қисса намуд Нозанин.

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун гуфт, ки дар ҳудуди ноҳия 35 гурӯҳи иҷоракор аз ҳисоби занон ҳастанд, ки 20 гурӯҳаш занони ноҳия будаанд.

Мардикорзанон зимни ҷамъоварии сабзӣ

“Дар саҳро кор мекунанд, пиёз мечинанду ба деҳқонони ноҳия кумак мекунанд, идораи кор бо занон бо онҳо мулоқот кардааст. Ҳадаф аз мулоқот ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва таъмини кор аст.”,-гуфт раиси ноҳияи Ҷайҳун.

Ба иттилои Қурбонзода Қурбоналӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру навоҳии вилот 13 маркази касбомӯзӣ фаъолият карда, афроди бекор ва ниёзманд метавонанд ройгон шуғл омӯзанд. Дар соли 2024 ду марказ — дар Бохтар ва ноҳияи Данғара боз шуд, ки ба нафарони бекор касб меомӯзанд.

Собирҷон Алихонов, сармутахассиси Раёсати агентии меҳнат меҳнат ва шуғли аҳолии  Хатлон гуфт, дар асоси Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои барои солҳои 2023 2027 дар вилоят 5155 зани бекор 21 номгӯи касбро омӯхтаанд, аммо дар миёни онҳо аз ҳисоби занони мардикорбозор касе набудааст.

Ӯ гуфт, ки заноне, ки ҳамарӯза кор карда пул пайдо мекунанд ба пешниҳоди касбомӯзӣ ҳавасманд нестанд: “Мо ба онҳо ҷойи кор пешниҳод мекунем, розӣ намешаванд. Масалан, корхонаи “Ресанда”-и Бохтар нома навишт, ки коргар лозим, бо автобус онҳоро бурда меовард, вале рад карданд. Касбомӯзӣ гуфтем, нахостанд. Дар вохӯриҳо намехоҳанд ширкат кунанд, мехоҳанд ба кори худашон идома диҳанд, мегӯянд уҳдадории зиндагӣ ба дӯши мо аст, бояд ҳар рӯз пул кор карда хонаводаро таъмин намоянд.”

Як масъули дигари Раёсати агентии меҳнат меҳнат ва шуғли аҳоли дар вилояти Хатлон гуфт, занон бо мардикорӣ  пули бештар ба даст меоранд, барои ҳамин корҳои пешниҳоднамудани ин ниҳодро рад карда, аз касомӯзӣ низ сарпечӣ менамоянд.

Мардикорбозори Бохтар

Субҳон Ашӯров, коршиноси иқтисодӣ низ мегӯяд, заноне, ки дар кӯча ё мардикорбозор кор мекунанд ҳеҷ куҷо сабт намешаванд ва онҳо корҳои ғайрирасмӣ анҷом медиҳанд. Агарчи бехтарии меҳнат риоя намешавад, бемор ё маъюб шаванд онҳоро ҳамчун маъюби истеҳсолӣ эътироф намекунанд, вале ин занҳо илоҷ надоранд.

Аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон гуфтанд, ки як роҳи коҳиши бекорӣ ва пешгирӣ аз кори ғайрирасмӣ касбомӯзӣ аст, вале афроди бекор мегӯянд, муддати тӯлонӣ наметавонанд ба касбомӯзӣ машғул шаванд, зеро ҳар бегоҳ ба хона бармегарданд, фарзандон дасти модарро нигоҳ мекунанд.

Бибирокия Абдуллоева

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
4
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Дар Туркия дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд шуд

Мақомоти Туркия пас аз боздошти шаҳрдори Истамбул Экрем Имамоғлу дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоии X, Youtube, TikTok ва Instagram маҳдуд...

Барои дарёфти кумакпулӣ набояд пора дод!

Мақсад аз пешниҳоди кумаҳои унвонии иҷтимоӣ дигар кардани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии оилаҳои камбизоат мебошад. Бинобар ин, барои...

Талаби Роскомнадзор  аз Telegram: ду бастаи стикерро ҳазф кун!

Роскомнадзор  аз мессенҷери Telegram талаб кард, ки ду бастаи стикерҳои мамнуъро ҳазф кунад. Сухан дар бораи маҷмӯаҳо бо тасвирҳои фашистӣ...
spot_imgspot_img

Бо як патент кор дар ду минтақа. Агар пешниҳод қабул гардад

Лоиҳаи тағйироти ҳукумати Русия ба Думаи давлатии ин кишвар ворид шуд, ки тибқи он ба муҳоҷирон иҷоза дода мешавад...

Табақаи миёна — коҳишдиҳандаи нобаробарии иқтисодӣ ва таъминкунандаи субот дар ҷомеа

Метадалогияи муайян намудани табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон таҳия  ва 18 феврали соли 2025 тасдиқ шуд. Ба иттилои намояндагони...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад