ҲАЁТИ СОЛИМТабъиз-ҳама гуна фарқгузорӣ!

Табъиз-ҳама гуна фарқгузорӣ!

-

Ҳама гуна фарқгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ва афзалиятдиҳӣ ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида ва вазъи молумулкӣ  табъиз дониста мешавад.

Дар сурати вуҷуд доштани табъиз имкониятҳо баробар буда наметавонад. Бинобар ин, дар Тоҷикистон барои амалигардонии ҳуқуқ ва имконияти баробар ба ҳамаи шахсон қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” қабул гардид, ки низоми ҳуқуқи пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд.

Дар доираи иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва сохторҳои шартномавии СММ ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати қабули қонуни томи зидди табъиз тавсия дода  буданд,  то ин ки ҳимояи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизи бевосита, бавосита ва дастрасӣ ба воситаҳои дахлдори ҳимоя барои ҷабрдидагони табъиз таъмин карда шавад. Дар Нақшаҳои миллии амалҳо оид ба татбиқи тавсияҳои ин сохторҳои СММ ҷиҳати қабули чунин қонун чорабиниҳои дахлдор пешбинӣ гардиданд.

Стандартҳо ва воситаҳои байналмилалии универсалӣ ва минтақавии ҳифз аз табъиз аз инҳо иборатанд:

— Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ;

-Эъломияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо;

-Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;

-Мулоҳизоти тартиби умумии №23 Кумитаи ҳуқуқи инсон дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо;

-Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

-Мулоҳизоти тартиби умумии №14 (2000) Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

-Конвенсияи дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак;

-Конвенсия дар бораи пешгирии ҷиноятҳои генотсид ва ҷазо барои он;

-Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи пешгирии ҷиноятҳои апартеид ва ҷазо барои он;

-Конвенсияи ЮНЕСКО дар бораи ҳифз ва ҳавасманд намудани гуногунии шаклҳои хештангароии фарҳангӣ;

-Конвенсияи чорчӯбавии Шӯрои Аврупо дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ва дигарҳо.

Қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, ки нимаи соли 2022 қабул гардид,  мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро ваколатдор менамояд, ки ба шикоятҳо оид ба табъиз ва баррасии онҳо зуд ва самаранок эътино намоянд.

Дар сурати тасдиқ шудани табъиз  барои ба ҷавобгарӣ кашидан ва бартараф намудани оқибатҳои табъиз чораҷӯӣ намоянд.

Ҳар шахсе, ки худро ҷабрдидаи табъиз мешуморад, ҳуқуқ дорад ба суд бо чунин талабот муроҷиат намояд:

— муқаррар намудани ҳолати вайронкунӣ;

— манъ кардани амалҳое, ки ҳуқуқи шахсро ба муносибати баробар вайрон мекунанд ё метавонанд вайрон кунанд;

— ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ;

— беэътибор донистани санаде, ки ҳолати табъизро ба миён овардааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад. Дар  ин ниҳод шуъбаи  ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз таъсис шудааст, ки ариза ва шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсонро оид ба ҳолатҳои табъиз баррасӣ менамояд;

— ҳолатҳои табъизро дар сурати мавҷуд будани ариза ё шикоят ва бо ташаббуси худ меомӯзад ва тавсияҳои дахлдор пешниҳод менамояд; 

— оид ба оштикунонии тарафҳо миёни қурбонии эҳтимолии табъиз ва шахси эҳтимолан кирдори табъизро содиркарда чораҳо меандешад.

Бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Фаронса дар баҳри Миёназамин як танкери русиро боздошт

Нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Фаронса дар қисми ғарбии баҳри Миёназамин танкери нафткаши русии GRINCH-ро боздоштанд, ки эҳтимолан ба "флоти соягӣ»-и Русия...

Мавлона: ба хотири ҳамдилӣ бо беморони саратон мӯи сарамро гирифтам

Мавлона Наджмудинова (Наҷмуддинова), ҳунарпешаи театру синамо бо гузоштани паёме тариқи шабакаи иҷтимоии фейсбук хабар медиҳад, ки барои табрикоти соли...

Омӯзиҳо барои мураббиёни дастаҳои наврасон

Федератсияи футбол оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни дастаҳои наврасон омӯзиш баргузор менамояд.  Дар омӯзиш мураббиёне, ки дастаҳояшон дар...

Трамп аз созиш дар бораи Гренландия хабар дод ва аз ҷорӣ кардани боҷҳо даст кашид

Президенти ИМА Доналд Трамп ва дабири кулли НАТО Марк Рютте дар бораи шартҳои чаҳорчӯбавии созиш вобаста ба Гренландия ба...
spot_imgspot_img

Тамп «Шӯрои сулҳ»-ро рақиби СММ гардонданист

"Шӯрои сулҳ" бо ташаббуси президенти ИМА Доналд Трамп таъсис ёфтааст. Ӯ қабл аз сафараш ба Давҳа аз ин СММ...

Ҳодисаи дар Электростал чӣ гуна рӯх дод?

Ҳодиса шоми якшанбе, 18 январ дар шаҳри Электростали назди Маскав рух дод. Тақрибан соати 23:20 гурӯҳи ҷавонон дар автобус...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад