ҲАЁТИ СОЛИММақоми сеюми Илдар Аҳмадиев дар дав

Мақоми сеюми Илдар Аҳмадиев дар дав

-

Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев 17 декабр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Амин Туяков медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба барномаи мусобиқа 15 сабқати варзиши сабук миёни мардҳо ва занон ворид гардида буд. Ҳамчунин дар доираи мусобиқа дав миёни устодон дар масофаи 800 метр ва сабқат миёни кӯдакон дар масофаи 60 метр ва эстафетаи омехтаи 4х200 метр доир шуд.

Дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои Амин Туяков варзишгарон аз Ҳонг Конг, Қирғизистон, Тоҷикистон, Украина ва Қазоқистон ширкат карданд.

Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар ду мусобиқа иштирок карда, дар дав ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 6.89 сония ҷои сеюмро гирифт. Ду ҷои аввалро дар ин масофа варзишгарони Ҳонг Конг – Ҳонг Кит Ли (6.77) ва Кам Чинг Шак (6.75) сазовор шуданд. Дар ҷаҳиш ба дарозӣ бошад, Илдар ҷои нуҳумро ишғол кард.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд – ҷои аввал 100 000 танга, ҷои дуюм 50 000 ва ҷои сеюм 30 000 танга.

Амин Елемисович Туяков — варзишгари Иттиҳоди Шӯравӣ дар масофаҳои кӯтоҳи дав — ғолиб ва ҷоизадори Чемпионати ИҶШС, рекордгузори ИҶШС, ғолиби Ҷоми Аврупо, ҷоизадори Чемпионати Аврупо мебошад.

Манбаъ: Кумитаи олимпӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад