CАЙЁҲАТХоваршиноси рус: Панҷакенти бостонӣ як муъҷизаи ҷаҳонӣ аст!

Ховаршиноси рус: Панҷакенти бостонӣ як муъҷизаи ҷаҳонӣ аст!

-

Акс аз asiaplus.tj

Панҷакенти қадим дар 1,5 км қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, мансуби асри V – VIII аст.

Панҷакенти қадим аз 3 қисмат – куҳандиз, шаҳристон ва қабристон иборат мебошад.
Панҷакенти бостонӣ дорои ҳама аркони шаҳрдорӣ буда, аз зери хок деворҳои хонаҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва ибодатгоҳҳо  падид меоянд. 

Бозёфти Панҷакенти куҳна барои таърихи Тоҷикистон дастоварди беназир аст, чунки нигораву ёдгориҳо адабиёт, фолклор, расму ойини гузаштаи халқи тоҷикро инъикос мекунад.

Павел Луре, шарқшинос ва бостоншиноси рус ҳоло дар Панҷакент қарор дошта, ҳайати ковишгарони Русияро роҳбарӣ мекунад. Ӯ корманди бахши ховаршиносии Осорхонаи Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербург буда, аз соли 1994 ба ин сӯ ҳар тобистон ба Панҷакент омада, корҳои ковишгариро дар Панҷакенти бостонӣ идома медиҳад.

Мавсуф донандаи хуби забони тоҷикӣ буда, Панҷакенти бостонро як муъҷизаи ҷаҳонӣ тавсиф намуда, таъкид мекунад, ки  иттилооти бештар дар бораи Суғди қадим маҳз дар ин ҷой мавҷуд аст.

Айни ҳол корҳои барқарорсозӣ ва таҷдуду деворбандӣ дар  шаҳраки Панҷакенти бостонӣ идома дошта, барои ин тарҳ сафорати Амрико беш аз 170 ҳазор доллар маблағ ҷудо кардааст.

Дар асоси лоиҳа то соли 2023 қисме аз шаҳри Панҷакенти қадим, ки дар асрҳои V-VIII дар теппае болотар аз шаҳри Панҷакенти имрӯза арзи вуҷуд дошт ва ҳоло зери хок маҳфуз аст, барқарор карда мешавад.  

Корҳои ҳафриётӣ дар Панҷакенти қадим бо ҷалби бостоншиносону олимони ватаниву хориҷӣ соли 1947 оғоз шуда ҳамоно идома дорад. Донишмандони тоҷик низ корҳои назаррасе анҷом медиҳанд ва ҳамарӯза машғули тадқиқот ҳастанд. Дар навори зер бо фаъолияти бостоншиносони тоҷик ошно гардед:

Абдусамад Аминов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад