МУВАФФАҚИЯТБа маҳораташ чаро бовар накарданд?

Ба маҳораташ чаро бовар накарданд?

-

Намунаи кори Эшонҷон Меликов

Кандакорӣ як шуғли аҷдодии мо маҳсуб шуда, ҳанӯз аз қадим мардум бо ин ҳунар сару кор дошта, олоту ашёи гуногуни рӯзгорашонро аз чуб омода мекарданд.

Эшонҷон Меликов сокини ноҳияи Рашт буда,  дуредгарӣ, кандакорӣ ва гачкорӣ мекунад. Ин ҳунарҳо аз падараш ба ӯ мерос мондааст. Ҳанӯз аз хурдсолӣ канори падар  бо шавқи зиёд ин ҳунарҳоро аз худ намудааст. Ин ҳунарманди чирадаст зиёда аз 15 навъи ашёи рӯзгорро аз чуб омода мекунад. Ӯ дар таҳхонаи бинои истиқоматии худ гушаеро ба устохона табдил дода, дар он ҷо ба офаридани ашёи чубин машғул аст.

Айни ҳол маҳсули дасташ ӯро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ мекунад. Натиҷаи кори ӯ дар намоишу чорабиниҳо намоиш дода мешаванд. Як нусхаи онҳо дар Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст.

«Як корманди осорхона маҳсулоти моро дида барои осорхона фармоиш дод.Маҳсулотро акс гирифт, вале дигарон гуфтаанд, ки ин моли Тоҷикистон нест ва чунин ҳунарманд надорем. Корманди осорхона омада раванди корро ба навор гирифта, баргашта нишон додааст. Сипас тасдиқ кардаанд, ки дар ҳақиқат инҳоро дар Тоҷикистон омода мекунанд.»,-ба ёд меорад ин устои чирадаст.

Диққати сайёҳони хориҷӣ низ ба дастранҷи ӯ хеле зиёд буда, ҷаҳонгардон ба хонаи ӯ омода ашёе харидорӣ ва бо худ мебаранд.

Эшонҷон Меликов узви иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мебошад. 

Ба хотирри саҳим будан дар эҳёву нигаҳдории ҳунарҳоии милли тоҷикӣ, ҳунарманд ният дорад дар гушае аз роҳи асосии ноҳия гушаи ҳунармандӣ боз намуда, маҳсули дасташро ба намоиш гузорад.

Муҳаммад Маҳмадзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад