МУВАФФАҚИЯТСарвиноз баъди табобати фарзандаш дар Амрико барои дигар кӯдакон...

Сарвиноз баъди табобати фарзандаш дар Амрико барои дигар кӯдакон чӣ гуна роҳ кушод?

-

Сарвиноз баъди табобати фарзандаш дар Амрико барои дигар кӯдакони бемор роҳ кушод.

Сарвиноз бо дастгирии афроди хайрхоҳ садҳо кӯдакони бемору камбизоатро дар дохилу хориҷ ба табобат фаро гирифт.

Қаҳрамони  мо модарест, ки бо талошҳои зиёде тавонист тариқи барномаи “Childspring international” фарзандашро дар Амрико табобат намояд ва бо ин васила роҳи дигар кӯдакони беморро барои табобати ройгон дар дохил ва хориҷи кишвар боз кунад.

Фарзанди якуми Сарвиноз бо маъюбии ҷоғи даҳон таваллуд шуд. Ин зан барои табобати навзод ҷаҳду талош кард, мактубҳои зиёде ба созмону ниҳодҳои мухталифе навишт, аз ҷумла, ба барномаи “Childspring international” низ. Соли 2011 аз тариқи ин барнома духтараш Шафоатро барои табобат ба шаҳри Бостони ИМА бурд. Хушбахтона, баъди ҷарроҳӣ Шафоати хурдсол шифо ёфту баъди як соли табобату тавонбахшӣ онҳо ба Ватан баргаштанд.

Вақте Сарвиноз ба Тоҷикистон баргашт, чандин модар ба ӯ муроҷиат кардаанд то роҳнамоӣ намояду фарзанди онҳо низ ба табобати ройгон фаро гирифта шаванд.

“Ман модаре будам, ки барои табобати фарзади беморам то охирин лаҳза кӯшиш кардам то табобат ёбад. Бинобар ин, ба он дӯстону намояндагони ташкилоте, ки маро дар Амрико дастгирӣ намуда буданд, тамос гирифтаму дархости дигар модаронро расонидам. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста чандин кӯдаконро дар кишварҳои гуногуни дунё табобат намудем. Дар ниҳоят, намояндагони ташкилоти “Childspring international”, ки мо онро “Баҳори кӯдакон” ҳам мегӯем, расман маро дар Тоҷикистон ихтиёрӣ (волонтер) қабул намуданд. Яъне, онҳо боварӣ пайдо карданд, ки воқеан низ мақсади мо дастгирии кӯдакони бемору камбизоат аст.”

Акнун дастгириву пайдо кардани кӯдакони бемор барои Сарвиноз кори маъмулист.

“Январи соли 2021 дар беморхонаи “Истиқлол” кӯдакеро аз шаҳри Кӯлоб бистарӣ намуда, фавран бояд ҷарроҳӣ мекарданд. Вале падару модараш маблағи ҷарроҳиро надоштанд. Вазъи саломатии кӯдак вахим буд ва духтурон иҷоза намедоданд, ки беморро ба Кӯлоб бубаранд. Зеро, ба кӯдак марг таҳдид мекард!

Ҳарчанд кӯшидем, аз дастамон коре намеомад. Роҳи ягона таҳияи маблағи ҷарроҳӣ буд, ки на ман доштаму на волидонаш… Ба модари кӯдак гуфтам, биё холаҷон шумо мушкилоти хешро назди дурбини телефон гӯед, онро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунем, шояд нафари хайрхоҳ пайдо мешаваду ба шумо маблағи ҷарроҳиро медиҳад. Ҳамин тавр, навор сабт гардиду тариқи шабакаи иҷтимоии фейсбук нашр. Баъд чанд соате ба модари кӯдак занг мезананду мегӯянд, холаҷон, ғамгин нашавед, мо маблағи ҷарроҳиро медиҳем. Шукр он навор сабаб гардиду кӯдак ҷарроҳӣ шуд ва ҳоло сиҳату саломат аст.»,- ба ёд меорад Сарвиноз.

Ӯ мегӯяд, эҳсос кард, ки дар баробари табобати кӯдакон тариқи барномаҳои байналмилалӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ низ беморону камбизоатро метавон дастгирӣ намуд.

Ҳамин тавр, дархосту муроҷиати шаҳрвандон ба ӯ зиёд гардид. Зеро, аз соли 2021 тариқи интернет наворҳоро зиёд намуд ва хушбахтона, ҳама муроҷиатҳош натиҷа медод. Маблағҳои калони пулӣ барои ҷарроҳиҳои вазнин ҷамъ мегардид.

Ба наворҳои Сарвиноз Сафарова Исмоили Муҳаммадзоир набераи Президенти низ кишвар таваҷҷуҳ мекунад ва пайваста кумак мерасонад.

Ба иттилои Сарвиноз, айни замон ба як қисме аз муроҷиаткунандагон тариқи барномаи “Childspring international” (Баҳори кӯдакон) кумак мерасонад ва ба қисме, ки тариқи наворҳояш аз мушкилоту бемориашон мегӯяд, шахсони хайрхоҳ кумак менамоянд.

Сарвиноз соҳибкор буда, зиндагиашро аз ин ҳисоб пеш мебарад. Ӯ мегӯяд, чанд боре аз шафқату ғамхориаш истифода карда фиребаш додаанд. Лекин баъди шифо ёфтани кӯдакон ва изҳори минатдории волидон ҳамаро фаромӯш кардааст.

Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад