МУВАФФАҚИЯТАгрономе, ки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гардид

Агрономе, ки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гардид

-

20 феврали соли равон Носир Ҳасанов, яке аз ҳунарпешагони дӯстдоштанию шинохта дар синни 86-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Носир Ҳасанов 11 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби 8-солаи рақами №7 шаҳри Душанбе гирифта, сипас барои омӯзиши касб дар Ҳунаристони аграрӣ, риштаи агрономиро интихоб менамояд.

Падараш Абдулло Ҳасанов — писари Ҳоҷӣ Ҳасани Қассоб аҳли Бухорои Шариф буда, дар Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд таҳсил карда, соли 1927 ҳамчун мутахассис ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) меояд. Абдулло Ҳасанов соли 1928 ҳамсараш Фотима Ҳасановаро, ки хатмкардаи Донишкадаи муаллим- тайёркунии шаҳри Самарқанд буд, ба Сталинобод оварда, фаъолияти хешро дар соҳаи маориф дар шаҳри Сталинобод ва навоҳии атрофи он шурӯъ мекунанд…

Носир Ҳасанов мақсад мегузорад, ки таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳад, аммо барои ба донишгоҳ дохил шудан аттестат ё номаи камол зарур буд. Аз ин рӯ, вай баъди хатми ҳунаристон ба мактаби 10-солаи деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Ленин (ноҳияи Рӯдакии кунунӣ) меояд ва соли 1955 онро хатм мекунад.

Ховари Абулҳай, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи ҳаёту рӯзгори Носир Ҳасанов китобе таълиф намудааст, ки дар он аз даврони наврасии

Носир Ҳасанов чунин хотира оварда мешавад: “дар мактаби ҳаштсолаи рақами №7 Носир Ҳасанов ба гурӯҳи ҳаваскорони санъати мактаб дохил мегардад, ки сарварӣ ва таълим дар онро ҳунарманди мардумӣ Ш.Соҳибов ба ӯҳда дошт. Ш.Соҳибов дар бедор кардани завқи ҳунарӣ ва дарки мусиқии Носир Ҳасанов саҳми калон дорад…”

Носир Ҳасанов аз соли 1963 узви  Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон (1968) ва  дорандаи  унвонҳои ифтихории «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (1974), «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» (1990) буд.

Носир Ҳасанов чи гуна ҳунарманди касбӣ шуд?

“ГИТИС-Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскии шаҳри Маскав буда, мактаби олии таълими санъати театрӣ маҳсуб ёфта, соли 1878 ташкил гардидаааст. Дар оғоз он мактаби мусиқӣ-драмавӣ, соли 1886 омӯзишгоҳ ва аз соли 1935 ба донишкада табдил меёбад. Мувофиқи барномаи онвақта ГИТИС бояд барои тамоми театрҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ мутахассис омода менамуд ва зиёда аз 40 студия дар ихтиёри ҳунармандони ҷумҳуриҳои иттифоқ гузошта буд, ки яке аз онҳо дар Тоҷикистон буд. Хатмкунандагони нахусти он соли 1941 мебошанд ва Носир Ҳасанов насли дуввуми ҳунармандони касбӣ маҳсуб мешавад.

Соли 1955 “Студияи Тоҷикистон” бо шогирдони нахустинаш дар шаҳри Душанбе  барои интихоби истеъдодҳо даст ба кор шуданд.

Аз тамоми Тоҷикистон хоҳишмандон дар озмун рақобат намуданд, ки аз ин миён 21 нафар пирӯз гардида ба Маскав фиристода шуданд. Дар байни онҳо Носир Ҳасанов низ буд…

Баъди аз худ кардани нозукиҳои санъати театрӣ гурӯҳи актиёрони ҷавон ба Театри драмавӣ-мусиқии ба номи А.С Пушкин (Ҳоло Камоли Хуҷандӣ) барои кори доимӣ фиристода мешаванд.

Носир Ҳасанов дар Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар панҷ намоишнома нақш офарида, аз соли 1961 то вопасин рӯзи зиндагиаш дар  Театри давлатии академии драмавии  ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарманд кор мекард.

Нақши Носир Ҳаснов дар намоишномаҳои зерин:

-«Ҷавоне аз шаҳри мо», нақши Аркадий Бурмин

-«Криспен рақиби хоҷаи худ», нақши Криспен

-«Шаби видоъ», нақши Ҷотин

-«Нурхон», нақши Маҳмад

-«Фарҳод ва Ширин» нақши Ширӯя

-«Ошиқ Ғариб ва Шоҳсанам», нақши Собир

-«Иҷоранишин», нақши нозири минтақавӣ

-«Шӯълаи офтоб», нақши Музаффар

-«Заврақи ишқ», нақши Гатин

-«Ҳуррият», нақиш Карим

-«Арӯси панҷсӯма», нақши Шафеҷон

-«Дилҳои сӯзон», нақши Бобо Шодӣ

-«Рудакӣ», нақши Орифӣ

-«Рустам ва Сӯҳроб», нақши Масхарабоз

-«Корвони бахт», нақши Саша

-«Сарбозони Инқилоб», нақши Файзулло Хӯҷаев

-«Шаби гарифтани моҳ», нақши Оқйигит

-«Зистан мехоҳад», нақши духтур, гузоранда режиссёр, В. Аҳадов

-«Бежан ва Матжа» ақши Шоҳ Кайхисрав,

-«Муфаттиш» (Ревизор), нақши Бобчинский,

-«Орзу» нақши Далер

-«Ҳукми Модар», нақши Раҳматҷон

-“Шоҳ Лир”, нақши Освалд

-«Садо аз тобут», нақши бадмаст

-«Беватан», нақши писар

-«Ҳақиқати талх», нақиш сар агроном

-«Бунафша», нақши Арслон

-«Ҳаёт ва Ишқ», нақши Хуршед

-«Машварат», нақши Любиев

-«Фарёди ишқ», нақши Муслиҳиддин

-«Сид», нақши Граф Арнас

-«Дод аз дасти ақл», нақши Загоретский

-«Ғуруби Аҷам», нақши Пири Мӯъбадон

-«Дар Чорсу», пақши раиси колхоз

-«Купрук», нақши лейтенант

-«Зебуннисо», нақши Шокирхон

-«Баҳроми Чӯбина», нақши Сова Шоҳ

-«Вопасин арӯси Амиралмӯъминин», нақши Дарбони як

-«Афсонаҳои мӯйсафед», нақши Аброр

-«Хатро ман навишта будам», нақши Саид

-«Куҷо равон аст», нақши амалдор

-«Ваҳшӯри Ориёнӣ», нақши Карпон

-«Искандар ва Спитамен», нақши Мӯъбади Мӯъбадон

-«Дон Жуан», нақши падари Дон Жуан

-«Нодира», нақши Саид.

Муаллиф: Одина Маҳмад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Филме, ки ба занон ҷасорат мебахшад

Дар як чаҳорчуба намондан, фаррох андеша кардан, қолабшикан будан ва раҳонидани худ аз вобастагии дигарон мақсадҳои филми кутоҳи коргардони...

YouTube давомнокии Shorts-ро ба се дақиқа мерасонад

YouTube давомнокии видеоҳои кӯтоҳ ё Shorts-ро зиёд мекунад. Видеохостинги YouTube давомнокии видеоҳои Shorts-ро аз як дақиқа то ба се...

Хатлон: дар ду рӯз нақши даъват иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш дар вилояти Хатлон ҳамагӣ дар ду рӯз иҷро шуд. ВМКБ аз аввалинҳо шуда,...

Озордиҳӣ ҷиноят аст!

Таҳқир, дашном, масхара, табъиз, таҳдиди расонидани зарари ҷисмонӣ, даст расондан, таҷовузи ҷинсӣ ё дигар шаклҳои ҳамлаи ҷинсиву ҷисмонӣ ҳаррасмент...
spot_imgspot_img

Озмуни Кумитаи кор бо занон ва оила: беҳтарин маводи назму наср дар мавзӯи тарбия

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Озмунеро бо номи "Тарбия аз оилаи сарчашма мегирад" эълон намуд,...

Шикасти Истиқлол аз «Сипоҳон»-и Исфаҳон

Қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи "Истиқлол" дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 дар гурӯҳи "С" аз барандаи медали...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад