ҲАЁТИ СОЛИМEuronews: Трамп ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Давҳаро маҳкум накард

Euronews: Трамп ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Давҳаро маҳкум накард

-

Доналд Трамп гуфтааст, аз зарбаи ҳавоии Исроил алайҳи роҳбарияти ҲАММОС дар Қатар норозӣ аст.  Ба иттилои euronews, Трамп аз маҳкумкунии ошкоро худдорӣ кардааст. Ӯ ба ҳамтоёни қатарияш итминон додааст, ки «ин гуна амал дигар дар хоки онҳо такрор нахоҳад шуд».

Рӯзи сешанбе нерӯҳои ҳавоии Исроил қароргоҳи ҲАМОС-ро дар пойтахти Қатар – Давҳа бо ҳадафи аз байн бурдани роҳбарияти баландпояи гурӯҳ бомбаборон карданд. Сарвазири Исроил гуфтааст,  ин ҷавоб ба ҳамлаи террористии рӯзи душанбе дар Қудс буд, ки ҷангҷӯён ба мусофирони автобус оташ кушода, шаш нафарро ба ҳалокат расонданд.

Гуфта мешавад, зарбаи ҳавоӣ ба манзилҳои аъзои Бюрои сиёсӣ зада шудааст, ки барои баррасии пешниҳоди ИМА дар бораи оташбас ҷамъ шуда буданд.

Трамп шоми сешанбе изҳор дошт, ки иқдоми нахуствазири Исроил «якҷониба» буд. «Ман аз ин хурсанд нестам», — гуфт ӯ ва афзудааст: «аммо аз байн бурдани ҲАММОС, ки аз ранҷи мардуми Ғазза фоида мебарад, ҳадафи шоиста аст».

Ба таъкиди Трамп қарорро «Нетаняҳу қабул кардааст», на ӯ, аммо нахуствазири Исроил «сулҳ мехоҳад». Бо вуҷуди ин, расонаҳои исроилӣ бо истинод ба манобеъи худ хабар додаанд, ки маъмурияти президенти ИМА ба амалиёт «чароғи сабз нишон додааст».

Euronews менависад, ки роҳбарони аврупоӣ аз Исроил интиқод кардаанд ва ин ҳамларо «вайронкунии ҳуқуқи байналмилалӣ ва якпорчагии қаламравии Қатар» хондаанд.

Сухангӯи роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кая Каллас гуфт, ки Иттиҳод бо «шарики стратегии худ» — Қатар, ҳамбастагии комил дорад. Фаронса, Испания ва Британия низ ҳамларо маҳкум карданд ва аз тарафҳо хостанд, ки хештандорӣ кунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад