ҲАЁТИ СОЛИМҲабиб Нурмагомедов аз ҳавопаймо берун карда шуд

Ҳабиб Нурмагомедов аз ҳавопаймо берун карда шуд

-

Акс аз саҳифаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар инhttps://www.instagram.com/p/DEvcZYuyBfZ/

Ҳабиб Нурмагомедов (Нурмуҳаммадов), қаҳрамони собиқи UFC аз ҳавопаймо берун карда шуд.

Ӯ дар саҳифаи худ дар инстаграм нигаронӣ кард, ки меҳмондор ӯро аз  ҳавопаймои муттааллиқ ба ширкати Frontier Airlines берун кард.
«Зане, ки ба ман муроҷиат мекард, аз ибтидо рафтораш дағалона буд, гарчанде ман бо забони англисӣ хуб ҳарф мезанам ва ҳама чизро мефаҳмам, ӯ ба ҳар ҳол исрор мекард, ки маро аз курсиам дур кунад. Сабаб чӣ буд, бадбинии нажодӣ, миллӣ ё чизи дигар, ман аниқ гуфта наметавонам. Пас аз як сӯҳбати кӯтоҳ вай ба муҳофизон занг зад ва маро аз ин ҳавопаймо берун карданд. Ман тамоми кори аз дастам меомадаро мекардам то ором бошам ва ба иғво дода нашавам. Ман фикр мекунам, ки одамон бояд меҳрубонтар бошанд.»,-навиштааст Ҳабиб Нурмагомедов.
Ин размкори риштаи муҳорибаҳои омехта пас аз 1,5 соат ба ҳавопаймои дигар  ба ҷойи лозима расид.
Ҳаби́б  Нурмуҳаммадов размикори шикастнопазири ҳунарҳои размии таркибӣ, қаҳрамони сабуквазни мусобиқоти UFC аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад