БИЗНЕС-КЛУБИндонезия аз Apple барои фурӯши iPhone 16 як миллиард...

Индонезия аз Apple барои фурӯши iPhone 16 як миллиард доллар талаб дорад

-

Индонезия бинобар сармоягузорӣ накардани ширкати Apple ба иқтисоди маҳаллӣ фурӯши iPhone 16-ро манъ кардааст. Дар посух ба пешниҳоди Apple бобати афзоиши сармоягузории худ аз 10 миллион ба 100 миллион доллар, Индонезия талаб кардааст, ки ин маблағро то 1 миллиард доллар афзоиш диҳад.

Apple дар аввал ба Индонезия 109 миллион доллар барои академияи барномасозон ва 10 миллион доллари дигар барои истеҳсоли маҳаллӣ сармоягузорӣ кард. Аммо ҳукумат иддао дорад, ки ин ширкат ваъдаҳояшро иҷро накард ва ҳамагӣ 95 миллион доллар харҷ кард. Бинобар ин, фурӯши iPhone 16 дар кишвар мамнӯъ шуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки сармоягузории дархосткардаи ҳукумати Индонезия чӣ шаклро дар бар мегирад, аммо он метавонад таъсиси корхонаҳо барои васлкунии iPhone ва iPad-ро дар бар гирад. Илова бар ин, Apple метавонад шарикони худро ҷалб кунад, ки дар Индонезия заводҳо боз кунанд то ҷузъҳо барои дастгоҳҳои бузурги IT-и амрикоӣ истеҳсол намоянд.

Индонезия бо аҳолии тақрибан 280 миллион як бозори муҳим барои Apple маҳсуб мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад