ҲАЁТИ СОЛИМОзордиҳӣ ҷиноят аст!

Озордиҳӣ ҷиноят аст!

-

Таҳқир, дашном, масхара, табъиз, таҳдиди расонидани зарари ҷисмонӣ, даст расондан, таҷовузи ҷинсӣ ё дигар шаклҳои ҳамлаи ҷинсиву ҷисмонӣ ҳаррасмент аст…
Гоҳо шоҳиди боздошти афроде мегардем, ки бо рафтору амали нораво ва суханони қабеҳ шаъну шарафи духтаронро паст задаанд. Баъзе маврид атрофиён чунин ҳолатҳоро мушоҳида мекунанд, вале бетарафӣ ихтиёр менамоянд.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «ҳарассмент» пешбинӣ нашудааст ва кирдорҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайроникунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Моддаи 460. Майдаавбошӣ) банду баст мешаванд.

«Агар ин ҳолатҳо рӯй диҳанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба шахси содиркардаи ин кирдор моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайроникунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ мекунанд ва ҳамчун ҷазо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ таъин мешавад. 

Матлаби рассом ва аниматори маъруф Бахтиёр Қаххоров низ чунин ҳолатҳоро бозгӯ мекунад. Дар ин филми тасвирӣ навраси маъюбиятдошта кореро анҷом медиҳад, ки ба андозаи тавонаш ҳаст. Оё Шумо низ шоҳиди чунин ҳолат мешудед, чӣ кореро анҷом медодед?

Дар сурати рӯх додани ҳарассмент, аз ин машваратҳо истифода кунед:

— Агар нисбат ба шумо Ҳарассмент сурат бигирад, ҳолатро сабт кунед.
— Ба шахсони наздик ва боэътимоди худ дар бораи ҳолати худ хабар диҳед. Онҳо метавонанд ба шумо кумаки рӯҳӣ намуда, ба шумо дар бартараф кардани ин ҳолат кумак расонанд.
— Агар шумо ба ҳаррасменти ҷинсӣ дучор шудаед, аз дархости кумак наҳаросед.
— Аз ҳуқуқҳои хеш истифода ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсе, ки ба амният ва шаъну шарафи шумо хатар эҷод мекунад, ба мақомот муроҷиат намоед!

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад