МУВАФФАҚИЯТТоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ чӣ гуна...

Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ чӣ гуна маош муқаррар кард?

-

Тартиби пардохти ҳармоҳаи якумраи моддӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паролимпӣ ва сурдолимпӣ дар Тоҷикистон мушаххас гардид.
Андозаи пардохти моҳонаи моддӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои варзишии варзишгарон муайян гардида, ба гирандагон ва ҷоизадорон пардохт карда мешавад.

Барои ғолибони мақоми аввал-50 нишондиҳанда,  барои чои дуюм-30 нишондиҳанда барои мақоми сеюм 20 нишондиҳанда пардохт мегардад. Айни ҳол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомонӣ муқарар гардидааст.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби пардохти ҳармоҳаи якумраи моддӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ аз 29 апрели соли 2023, № 189 ба тасвиб расида айни ҳол қувваи ҳуқуқӣ пайдо накардааст.

Бозиҳои фардӣ ва даставии олимпӣ тахти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар чор сол як бор байни варзишгарони панҷ қитъа  гузаронида мешаванд.

Варзишгарони Тоҷикистон аввалин бор дар Бозиҳои олимпии зимистонӣ (Солт-Лейк-Сити, 2002) ва бозиҳои супер-гигант ва слалом-гигант ҳунарнамоӣ карданд. Ба варзишгарони тоҷик ба даст овардани 9 роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ (Афина, 2004) дар намудҳои зерини варзиш муяссар гардид: гуштини тарзи озод (Ш. Алиев, Ю. Абдусаломов); гуштини тарзи озод, занон (Н. Иванова, Л. Карамчакова); камонварӣ (Н. Набиева); варзиши сабук (Г. Дадобоева); муштзанӣ (Ш. Достиев); тирпаронӣ (С. Бабиков), гурзандозӣ Дилшод Назаров РИО-2016, медали тило). Р. Боқиев (Пекин, 2008), ҷои сеюм, медали биринҷӣ ва М. Чориева (Лондон, 2012), ҷои сеюм, соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Акси Дилшод Назаров аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад