ОЛАМИ МАҶОЗӢБарнома таҷдидшудаи iCode бо имкониятҳои нав барои духтарон

Барнома таҷдидшудаи iCode бо имкониятҳои нав барои духтарон

-

Барнома iCode таҷдид шуд. Ин барномаи ройгон барои духтароне, ки мехоҳанд соҳиби малакаи нав гарданд ва дар соҳаи IT мутахассис шаванд.

ICode як лоиҳаи иҷтимоии American Space Dushanbe аст, ки ба омӯзиши духтарон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ нигаронида шудааст. Ҳадафи асосии лоиҳа аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ бо ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии духтарон ва заноне мебошад, ки мехоҳанд дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ роҳи худро оғоз кунанд.

Ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо чаҳор созмон — American Space Dushanbe, Академияи Алиф, Lab Humo ва Ilmhona Skills Accelerator амалӣ мегардад.

Чанд сол аст, ки барномаи iCode ба духтарон омӯзиши ройгони соҳаи IT-ро фароҳам меорад.

Дар чаҳорчӯби барномаи аввал ду курс оғоз шуд: барномасозӣ дар таҳияи Python ва iOS буд, ки то анҷоми барнома хатмкунандагон дар ширкатҳои бузурги кишвар таҷрибаомӯзӣ ва ҷойҳои корӣ пайдо карданд.

Имсол ин барнома имкониятҳои боз ҳам бештарро фароҳам меорад ва ҳамзамон чаҳор курсро фаро мегирад: коркарди UX / UI, QA, коркарди Android ва iOS. Ба духтарон дар давоми се моҳ мутахассисони варзида дониш меомӯзанд. 

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар доираи Фонди инноватсионии Alumni Engagement амалӣ мегардад.

Духтарони аз синни 18-сола болои шаҳри Душанбе дар курсҳо ширкат карда метавонанд. Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 20 май то соати 17.00.

Пайвандҳо барои бақайдгирӣ:

Курси коркард дар iOS: https://forms.gle/v22eGQxaGzHFW3xD8

Курси  коркард дар Android: https://forms.gle/9Y8P8mriDnJqCuxw6

Курс барои UX/UI: https://forms.gle/GZRdvA6gbNAcPpWM6

Курси  QA: https://forms.gle/uy2aXydkaSE3i1gu9

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад