ҲАЁТИ СОЛИМВакилони Русия афви муҳоҷиронро мехоҳанд

Вакилони Русия афви муҳоҷиронро мехоҳанд

-

Шаҳрвандони хориҷие, ки барои ҳуқуқвайронкунии ночизи маъмурӣ аз ҳудуди Русия хориҷ карда шудаанд, бояд афв шаванд.
Артём Кирянов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатии Русия дар суҳбат бо «Интерфакс» гуфтааст, афви муҳоҷирони кории қаблан ихроҷшуда барои қонуншиканиҳои ночиз ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар бахшҳои сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ мусоидат мекунад.
Ба бовари ин вакил, айни ҳол дар бозори меҳнат, махсусан дар бахши сохтмон ва бахши нигоҳдории инфрасохтори низоми хоҷагии манзилию коммуналӣ норасоии кадрӣ ҷой доранд.
«Албатта, сухан дар бораи зарурати баргардондани одамоне нест, ки ба корҳои ғайриқонунӣ машғул буданд. Аммо, афви афроде, ки шарти будубошро вайрон кардаанд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, вале ба касе зарар нарасондаанд, ба назари ман, имконпазир аст.”,-таъкид намудааст ин вакил.
Владимир Ресин, вакили Думаи давлатӣ низ чанде қабл изҳор дошта буд, ки имкони эълони афв барои муҳоҷирони корӣ, ки қаблан барои нақзи низоми муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад