ҲАЁТИ СОЛИМДовуд дар ҳама мусобиқаҳо дастболо шудааст. Ин навраси 8-солаи...

Довуд дар ҳама мусобиқаҳо дастболо шудааст. Ин навраси 8-солаи шикастнопазир кист?

-

Довуд Шормуртазоеви 8-сола тайи ду соли охир 7 медал, 2 ҷом ва 8 ифтихорнома ба даст овардааст. Ӯ дар ҳама мусобиқаҳо оид ба Панкратион дастболо гардидааст.

Аз 6 – солагӣ ба тамрин машғул буда, ҳоло дар вазни 24-25 кг рақобат мекунад.

“Ман рӯзи якшанбе 17- уми ояктябр дар мусобиқа иштирок кардам ва ҷойи якумро гирифтам. Ман медал, кубок, диплом ва ифтихорнома ба даст овардам.”,- бо ифтихор гуфт Довуд.

Мураббии Довуд мегӯяд, ин наврас серталош аст: “тайи 2 соли тамринаш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии панкратион иштирок кард. Дар 10-12 мусобиқае, ки ӯ қувваозмоӣ намуд, дар ҳамаашон ҷойи аввалро ишғол кард. Ҳаракат мекунем, ки ба дигар мусобиқа тайёр шавад ва парчами давлатро баланд бардорад.”

“Ман аҳамият медодам, ки Довуд аз хурдсолиаш бо ҳамсолонаш кӯштӣ мегирифт. Дидам ки ӯ ба варзиш шавқ дорад ва медонистам, ки дар назди хонаи мо толори варзиш ҳаст Довудро ба он ҷо бурдам. Аз сабаби онки Довудҷон хурд буд, қариб як сол ӯро худам ба толори варзишӣ мебурдам. Баъд аз 4 моҳ устодаш ба ман гуфт, ки мусобиқаи байналмилалӣ гузашта истодааст. Агар шумо розӣ бошед, Довудҷонро ба мусобиқа барам. Дар мусобиқа иштирок карду ҷойи аввалро соҳиб шуд.”,- ёдовар шуд падари Довуд.

Қаҳрамони мо дар як ҳафта се рӯз ба варзиш машғул мешавад. Рӯзҳои дигар дар маркази забономӯзӣ забони англисиро меомӯзад.

Шамшод Шомуртазоев, падари Довуд қайд намуд, ки  пеш аз онки Довуд дар мусобиқаҳо иштирок кунад, ӯ ва бародараш, ки устоди варзиш аст, Довудро назорат мекунанд, ки кадом усулҳоро истифода меканад ва кадомашро не. «Мо ба ӯ тавсия медиҳем ва якҷоя бо Довудҷон кор мекунем,».-илова намуд падари ин наврас.

Қаҳрамони мо дар оянда мехоҳад корманди пулис ва варзишгари номӣ гардад.

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад