БОЛМуаллими англисӣ баъди кори тарабхона омӯзгориро дар YouTube ва...

Муаллими англисӣ баъди кори тарабхона омӯзгориро дар YouTube ва Instagram идома медиҳад

-

Назар Назаров хатмкардаи зинаҳои бакалавр ва магистри Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буда, собиқаи 7-солаи омӯзгорӣ дар марказҳои забономӯзӣ дорад ва ба шогирдон забони англисӣ омӯзондааст.

Ҳоло як тарабхонаи Олмон ёвари ошпаз аст. Ӯ дар барномаи навбатии «Бол» доир ба забондонӣ, омӯзгорӣ, волонтёрӣ ва кори тарабхонаву нақшаҳои ояндааш гуфт.

«Дар Ватан корам хуб буд. Бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва донишу малака ҳамчун волонтиёр ба Олмон омадам. Имкон ба даст овардам, ки ба дигар давлатҳои Аврупо сафар карда, дониши худро такмил намоям.», — гуфт ӯ.

Назар як сол ҳамчун ихтиёрӣ фаъолият карда,  акнун дар як тарабхона корашро идома медиҳад. Агарчи кори тарабхона барояш шавқовар нест, вале маҷбур аст то як соли дигар кор кунад. Агар давоми як соли оянда дипломаш тасдиқ шавад, имкон пайдо мекунад, ки дар дилхоҳ мактаб аз фанни забони англисӣ дарс гӯяд.

Ӯ дар Инстаграм ва Ютуб саҳифа дошта ба истифодабарандагони ин шабакаҳо дарси забони англисӣ меомӯзонад.

«Дарсҳое ки ҳоло дар Ютуб мегузарем, барои обуначиҳоям мувофиқанд. Ин корам имкон медиҳад, ки забони англисиро фаромӯш накарда, балки такрор кунам.»,- илова кард Назар.

Назар рӯзҳои истироҳат ба дигар давлатҳои Аврупо сафар кардан мехоҳад то ҷаҳонбиниашро васеъ намуда, баъди бозгашт ба Ватан аз таҷрибаву ҷаҳонбиниаш ба шогирд нақл намояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад