CАЙЁҲАТОмадани сайёҳон чаро 72% кам шуд? (Видео)

Омадани сайёҳон чаро 72% кам шуд? (Видео)

-

Хурӯҷи вируси ҳамагири COVID-19 ва маҳдудиятҳо дар пайи он ба соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон таъсири манфӣ гузошт. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон низ.

«Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2020 ба Тоҷикистон 350 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли пешин 72,2 дарсад кам аст. Таъсири манфии пандемияи коронавирус, пеш аз ҳама, ба меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва ба ҳунармандон расид. Мутаассифона, нафарони зиёде, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доштанд, бекор монданд. Аз рӯйи арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ буҳрони бемории сироятии COVID-19 гардиши сайёҳони байналмилалиро то 80% коҳиш дод.”-иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Коршиносони соҳа мегӯянд, агарчи омадани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар кам гардид, хушбахтона, туризми дохилӣ дар ин давра то андозае рушд кард.
Дар ҳамин ҳол Фаррухрӯз Иззатуллозода, сардори Раёсати рушди сайёҳии кумитаи мазкур иттилоъ медиҳад, ки зиёда аз 40 хатсайри сайёҳӣ 
аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ ба Бадахшон, Зарафшон ва Хатлон  таҳия гардида, ин ширкатҳо сайёҳонро ба ин минтақаҳо сафарбар намуда истодаанд. 

Дар даврони пандемия назди Кумитаи рушди сайёҳӣ гурӯҳи корӣ барои муқовимат ба оқибатҳои коронавирус таъсис шуда, вазъро таҳлил намудаанд. Натиҷаи тадқиқоти гурӯҳи корӣ нишон додааст, ки корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ таназзулро аз сар мегузаронанд. Аксари корхонаҳо бо сабаби ҳолатҳои фавқулода ва басташавии марз 100 дарсад муштарии хешро аз даст додаанд ва COVID-19 ба ҳама самтҳои фаъолияти соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ расонидааст.

Темуркӯл

http://president.tj/node/23054

Дар ин давраи буҳронӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуда, тибқи он аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ гардид. Ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ буд. Гарчанд фаъолияти ширкатҳо бисёр маҳдуд гашт, ин дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ин иқдоми роҳбари давлат имкон дод, ки дар давраи бисёр ҳассос барои ширкатҳои сайёҳӣ онҳо баста нашаванд.

Тайи ду соли ахир дар бештари мавзеои сайёҳӣ меҳмонхонаҳо бунёд шудаанд. Аз ҷумла, “Чорчаман Хилс” дар ноҳияи Дарвоз, “Саразм плаза” дар шаҳри Панҷакент, “Манзара” дар ноҳияи Ховалинг ва  “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод…

Ҳалима Шобекова

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад