ҲАЁТИ СОЛИМ17 варзишгари тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид...

17 варзишгари тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук

-

23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ иштироки варзишгарон аз 9 давлат, кишварҳои Осиёи Марказӣ — Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин Филиппин, Тайланд ва Малайзия — дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук иборат аз 17 нафар, бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов, ба Самарқанд сафарбар гардиданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон, сабқатҳо дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена”, ки нав таъмир шудааст, доир мегарданд. Варзишгарон дар сабқатҳои дав ва майдонӣ ё техникӣ – ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулула, гурз — нерӯ месанҷанд.
Дар рӯзи сеюми чорабинӣ марҳилаи навбатии дави байналмилалии хайриявӣ “Save Aral 2022” доир хоҳад шуд. Беш аз 2000 иштирокчӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба буҳрони экоклогӣ дар атрофи баҳри Арал медаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 4-ум Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар Самарқанд:
Бонувон
Кристина Пронженко (400м; 800м)
Раҷабмо Абдуллоева (5000м; 10000м)
Мавлуда Асламова (партоби гулула, партоби найза)
Муштарӣ Бодоқулова (партоби диск)

Мардҳо
Александр Пронженко (100м; 200м)
Абубакр Носиров (100м; 400м)
Фаворис Музрапов (100м; 200м)
Илдар Аҳмадиев (200м)
Ленид Пронженко (110м/монеа; 400м/монеа)
Муҳаммадризо Мирзозода (400м; 400м/монеа)
Ҳасан Кулов (800м; 1500м)
Меҳрубон Шамсиддинов (5000м; 10000м)
Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (5000м; 3000м/монеа)
Меҳробҷон Одинаев (10000м; 3000м/монеа)
Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба бадандӣ)
Абдурауф Мусоев (партоби гулула ва гурз)
Зикрило Турахонов (партоби найза)

Манбаъ:http://www.olympic.tj/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад